Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Заряди барионӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Заряди барионӣ, адади барионӣ — яке аз тавсифоти дохилии зарраҳои бунёдӣ – барионҳо ё силсилаи зарраҳои барионӣ.

Мафҳуми Заряди бариониро соли 1838 физики швейсариягӣ Э. Штюкелберг барои тавсиф додани устувории протон ба илм ворид кардааст (зеро қонунҳои бақои энгергия – импулс, моменти миқдори ҳаракат ва заряди электрӣ имконияти коҳиши протонро ба зарраҳои нисбатан сабук «манъ карда» наметавонанд). Заряди барионии барионҳо В = +1 ва Заряди барионии антибарионҳо В = –1 қабул шудааст. Заряди барионии кулли зарраҳои дигар баробари сифр (0) мебошад. Заряди барионии силсилаи зарраҳо ба фарқи байни адади барионҳо ва антибарионҳои силсила баробар аст. Масалан, Заряди барионии ҳастаи атомҳо ба адади массавиашон баробар мебошад. Заряди барионӣ ба қонуни бақо итоат мекунад – дар силсилаи сарбаста ҳосили ҷамъи алгебравии Заряди барионии барионҳои алоҳида қариб собит мемонад (бархилофи заряди электрӣ ё зарядҳои рангин Заряди барионӣ тақрибан нигоҳ дошта мешавад). Заряди барионӣ ба гурӯҳи зарраҳои дар таъсири мутақобили зӯр иштироккунанда – адронҳо дохил мешавад.