Заряди рангин
Заряди рангин, адади квантӣ — ки дар хромодинамикаи квантӣ кваркҳо ва глюонҳоро тавсиф медиҳад.
Тавсиф
[вироиш | вироиши манбаъ]Заряди рангин ба мафҳуми ранги муқаррарӣ ҳеҷ вобастагие надорад. Истилоҳи ранг барои кваркҳо маҳз ҳамчун адади квантӣ, ҳамчун спин (моменти импулси хусусии микрозарра)-и махсуси дорои се самти имконпазир дар фазои ба ном рангин дохил карда шудааст. Спини сеқиматаи рангин аз спини дуқиматаи кварк ё электрон ба куллӣ фарқ мекунад. Зарурати ба се қимат соҳиб шудани ранг аз татбиқи принсипи Паули барои барионҳои аз се кварки адади квантии накҳаташон яксон таркибёфта бармеояд. Пайдоиши амсила (модел)-и кваркӣ барои дар оилаи ниҳоят бузурги адронҳо барқарор шудани тартиби муайян имкон дод. Таркиби садҳо адрон тавассутии ҳамагӣ 6 зарраи нуқтагӣ – кваркҳо ва антикваркҳо шарҳ дода шуд. Ба замми ин ошкор шуд, ки кваркҳо бархилофи адронҳо (масалн, нуклонҳо) бо ҳамон усулҳои назарияи квантии майдон тавсиф дода мешаванд, ки барои таъсири мутақобили электромагнитӣ (электродинамикаи квантӣ) хеле босамар буданд.
Дар кунҷҳои «секунҷа» зарраҳое ҷой гирифтаанд, ки аз комбинатсияи се кварки айнан яксони дар ҳамон як ҳолати квантӣ қарордошта иборат мебошанд: Δ–резонанс = ddd, Δ++ резонанс = uuu, Ω– гиперон = sss. Воқеан моменти мадории онҳо ба сифр баробар буда, спинашон самти яксон (↑↑↑) дорад. Дар асл на ду фермион, балки се фермиони айнан яксони дар ҳамон як ҳолат қарордошта ба назар мерасанд. Аз ин бармеояд, ки ин ҷо принсипи Паули вайрон мешавад. Ғайр аз ин, амсилаи одии кваркӣ мавҷудияти комбинатсияҳои навъи qqq (барионҳо), (антибарионҳо) ва (мезонҳо)-ро дар табиат шарҳ дода метавонад, вале комбинатсияҳои имконпазири дигар ва амсоли инҳо)-ро, ки мушоҳада нашудаанд, шарҳ дода наметавонад. Умуман, худи кваркҳои алоҳида мушоҳада нашудаанд. Ин ҳама камбудҳоро дар ҳолати барои кваркҳо дохил кардани адади квантии нав, ки «ранг» ном дорад, бартараф кардан мумкин аст. Адади квантии нав – «ранг» бояд соҳиби се қимати имконпазир бошад, чунки танҳо дар ҳамин ҳолат барои барионҳо, ки аз се кварки накҳаташон яксон сохта шуда буданд, принсипи Паули вайрон намешавад. Аз ин рӯ, се ранг – сурх (с), зард (з) ва кабуд (к) ишора шудаанд. Ин рангҳоро ҳамчун проексияи спини ба худ хосси рангин дар фазои сеченаи рангин (бо тирҳои с, з, к) муоина кардан мумкин аст. Масалан, агар резонанси Δ++-ро чун комбинатсияи иборат аз се u-кварки рангҳояш гуногун тасаввур намоем, Δ++ = ucuзuк мешавад. Ин маънои онро дорад, ки принсипи Паули барои физикаи адронҳо низ татбиқпазир аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Заряди рангин / Я. Ш. Самарқандӣ. // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.