Заряди электрӣ

Заряди электрӣ — бузургии скалярии физикӣ, хосияти баъзе зарраҳо, электронҳо, позитронҳо, протонҳо, мезонҳо ва гиперонҳо, ки ҳамеша ба майдони электрӣ (электромагнитӣ) алоқаманд буда, дар таъсироти майдони электромагнитии беруна зоҳир мешавад.
Тавсиф
[вироиш | вироиши манбаъ]Заряди электрӣ тавсифи дохилии зарраи бунёдӣ буда, таъсири мутақобили электромагнитии онро муайян мекунад. Бори аввал заряди электрӣ соли 1785 дар Қонуни Кулон ворид шуда буд. Сабаби пайдоиши кулли ҳодисаҳои электрӣ ва магнитӣ зоҳиршавии мавҷудият, ҳаракат ва таъсири мутақобили заряди электрӣ мебошад. Аз давраи қадим маълум буд, ки каҳрабои ба пашм соидашуда чизҳои сабукро ба худ мекашад. Соли 1929 Шарл Дюфе мавҷудияти ду намуди заряд (барқа)-ро кашф кард. Шартан заряди милаи шишагин мусбату заряди каҳрабо манфӣ интихоб гардида, заряди электрии электрон манфӣ ва Заряди электрии протон мусбат қабул шудааст. Мафҳуми заряди мусбат ва манфиро ба илм олими амрикоӣ Б. Франклин дохил кардааст. Зарядҳои ҳамном ҳамдигарро тела медиҳанду зарядҳои гуногунном якдигарро ҷазб мекунанд (расм). Ҳангоми соиш додани ду ҷисми аз ҷиҳати электрӣ нейтралӣ (хунсо) зарядҳои як ҷисм ба ҷисми дигар мегузаранд. Яъне дар ҳар яки онҳо ҳосили ҷамъи зарядҳои мусбат ва манфӣ вайрон шуда, ҳар ду ҷисми гуногунном заряднок мешаванд. Ба сифати воҳиди заряди электрӣ дар Системаи байналмилалии воҳидҳои СИ, Кл (кулон) қабул шудааст заряди электриест, ки аз буриши арзии ноқил ҳангоми 1 А будани қувваи ҷараён дар 1 с мегузарад). 1 Кл заряди хеле бузург аст. Агар ду ҳомили заряд (q1 = q2 = 1 Кл)-ро дар вакуум дар масофаи 1 м гузорем, таъсири мутақобили онҳо ба қувваи 9•109 H баробар мешавад. Соли 1911 заряди электрии электронро бори нахуст физики амрикоӣ Р. Милликен чен карда буд. Бузургии муосири он дар СИ баробар ба 1е = 1,6·10–19 Кл аст; дар системаи воҳидҳои СГСЕ 1е = 4,8·10–10 СГСЕ мебошад. Яке аз хосиятҳои аҷибтарин ва то ҳол даркнашудаи заряди электрӣ хосияти квантӣ (ё дискретӣ)-и он аст. Заряди электрии зарраи дилхоҳи то ҳол маълумшуда ба заряди электрон каратӣ мебошад. Аз ин рӯ, заряди электрии электрон заряди электрии бунёдӣ ба ҳисоб меравад. Ғайр аз ин, то ҳол мезонҳое кашф нашудаанд, ки заряди электриашон аз е ва барионҳои заряди электриашон аз 2е калонтар бошад. Дар физикаи микроолам заряди электрӣ ду нақшро мебозад: якум, ҳамчун меъёри таъсири мутақобили зарраҳои заряднок бо майдони электромагнитӣ, яъне чун собитаи таъсири мутақобил ва дуввум ҳамчун адади квантии аддитивии бобақое, ки зарраҳои бунёдӣ ва ё системаҳои иборат аз ҳамин зарраҳо (бархилофи зарядҳои барионӣ ё лептонӣ, ки танҳо тавсифи дохилии зарраҳо мебошанд)-ро тавсиф медиҳад. Заряди электрии пурраи системаи физикии сарбаста (ки аз зарраҳои бунёдӣ иборат аст) ба ҳосили ҷамъи алгебравии кулли зарядҳои дохили ҳамин система баробар мебошад (барои ҷисмҳои одии макроскопӣ – протону электрон) ва дар ҳама гуна таъсири мутақобил ва табдилоти зарраҳои система доимӣ мемонад (нигар Қонуни бақои заряди электрӣ). Қонуни мазкурро, ки ҳоло яке аз қонунҳои умдатарини физика (ҳамчун қонуни бақои импулс ва энергия) ба шумор меравад, бори нахуст дар таҷриба соли 1843 олими англис М. Фарадей тасдиқ кардааст. Қувваи таъсири мутақобили байни зарраҳо (ё ҷисмҳо)-и заряднок тобеи қонуни Кулон мебошад. Алоқаи заряди электрӣ бо майдони электромагнитӣ бо муодилаҳои Максвелл муайян карда мешавад. Заряди электриро бо электроскоп ва электромер ошкор ва чен мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- заряди электрӣ / Я. Ш. Самаркандӣ. // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Заряди электрӣ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.