Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зафаробод (деҳа, н. Ёвон)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Зафаробод
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Хатлон
Ноҳия ноҳияи Ёвон
Ҷамоат Деҳоти Ситораи Сурх
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1568 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3141
Нишонаи почта 735310

Зафарободдеҳа дар ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон.

Соли 1968 бунёд шудааст. Аз Зафаробод то маркази ҷамоат аз 1 км камтар, то маркази ноҳия 22 км. Аҳолиаш 1568 нафар (2017), тоҷикон. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Рӯдакӣ таҳсил мекунанд. Деҳа 3 масҷиди панҷвақта, 4 нуқтаи савдои хусусӣ, як бунгоҳи тиббӣ ва як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз рӯди Вахш обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 60 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, хоҷагиҳои деҳқонии «Файзи деҳқон» ва «Зафаробод» фаъолият доранд.