Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зафар Ализода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зафар Ализода
Ализода Зафари Аҳмадҷон
Таърихи таваллуд 16 марти 1977(1977-03-16) (49 сол)
Зодгоҳ Бохтар, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Навъи фаъолият Вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII
Таҳсилот Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (2001)
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон

Зафар Ализода (Ализода Зафари Аҳмадҷон, тав. 16 марти соли 1977, шаҳри Бохтар, ҶШС Тоҷикистон ) — арбоби давлатӣ, тоҷик, вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII.[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зафар Ализода 16 марти соли 1977, шаҳри Бохтар ба дунё омадааст. Соли 2001 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимиро хатм намудааст. Ихтисос:техник-технолог, муҳандис-технолог.

  • Солҳои 1992-1996 - Донишҷӯи Техникуми энергетикии шаҳри Қӯрғонтеппа.
  • Солҳои 1996-2001 - Донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.
  • Солҳои 2001-2007 - Мененҷери бахши қӯрғонтеппагии Оҷонсии рушди инкишофи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа.
  • Солҳои 2007-2010 - Роҳбари Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ ва таълимии «Матэма» дар вилояти Хатлон.
  • Солҳои 2010-2011 - Мудири бахши меҳнат ва шуғли аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
  • Солҳои 2011-2019 - Роҳбари Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ ва таълимии «Матэма» дар вилояти Хатлон.
  • Аз соли 2011 то соли 2022 Ҳамзамон: роҳбари котиботи Шӯрои машваратии назди раиси вилояти Хатлон оид ба рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, котиби масъули Шӯрои технологияҳои иттилоотӣ коммуникатсионии назди раиси вилояти Хатлон.
  • Аз майи соли 2019 то соли 2022 - Роҳбари Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Хатлон, ҳамзамон аз соли 2010 инҷониб Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.
  • Аз октябри соли 2022 то 1 марти соли 2025 - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон.[2]
  • Аз 2 марти соли 2025 то ҳол — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII. [3].
  1. Ализода Зафари Аҳмадҷон(тоҷ.). www.parlament.tj. 13 апрели 2025 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  2. Ализода Зафар Аҳмадҷон(тоҷ.). www.parlament.tj/. 21 марти 2025 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  3. Ализода Зафари Аҳмадҷон(тоҷ.). www.parlament.tj. 13 апрели 2025 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)