Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Захарченя Борис Петрович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Захарченя Борис Петрович
Таърихи таваллуд 1 майи 1928(1928-05-01)[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 10 апрели 2005(2005-04-10) (76 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ нуршиносӣ
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва метематика[d]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Евгений Гросс
Шогирдон Yuri Kusrayev[d]
Ҷоизаҳо

Захарченя Борис Петрович (01.05.1928, Орша, Беларус — 10.04.2005, Санкт-Петербург), физики рус, академики АИ Федератсияи Русия (1992).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Университети давлатии Ленинград (1952). Аз соли 1952 дар Институти физика ва техникаи ба номи А. Ф. Иоффе кор кардааст, професори Университети давлатии электротехникии Санкт-Петербург (аз 1972).

Корҳои асосии Захарченя ба тайфшиноси (спектроскопия)-и ҷисми сахт, фавқунноқилҳои баландҳарорат бахшида шудаанд. Захарченя ҳамроҳи Е. Ф. Гросс тайфҳои экситонҳоро дар майдонҳои электрӣ ва магнитии беруна таҳқиқ карда, бисёр хусусиятҳои онҳоро ошкор намуд, остиллятсияи фурӯбарии магнитиро дар нимноқилҳо кашф кард (1957). Захарченя имконияти ҳаракати экситонро дар кристалл ба таври таҷрибавӣ исбот карда, бо дигарон тайфшиносии магнитию оптикиро дар равандҳои фемтосониявӣ дар нимноқилҳо анҷом дод. Захарченя ҳамроҳ бо дигарон усулҳои самтгирии оптикии спинҳои электронӣ ва ҳастаҳоро дар нимноқил таҳия намуд. Таҳти роҳбарии Захарченя чандин афзорҳои оптикии электронӣ ва квантию оптикӣ сохта шуданд. Ӯ таҳқиқотро оид ба хосияти физикии фавқунноқилҳои баландҳарорат анҷом додааст.

  • Мукофоти ленинӣ (1966),
  • Мукофоти давлатии ИҶШС (1976).
  • Медали тилои ба номи П. Н. Лебедеви АИ Федератсияи Русия (1966).
  1. ↑ Захарченя Борис Петрович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.