Захираи сарватҳои табиӣ

Захираи сарватҳои табиӣ — миқдори сарватҳои табиӣ, ки дар масоҳати муайяни қаъри замин ва сатҳи он мавҷуданд.
Тавсиф
[вироиш | вироиши манбаъ]Миқдори захираи сарватҳои табииро бо воҳидҳои ҳаҷм ё масса ҳисоб мекунанд: гази табиӣ, маводди ғайрифилиззӣ, маъданӣ ва масолеҳи бинокориро бо ҳисоби м³; нафт, ангишт, сангҳоро бо ҳисоби т; филиззоти нодир (асил) ва унсурҳои миқдорашон камро бо кг; алмос ва дигар сангҳои гаронбаҳоро бо қирот.
Сарватҳои зеризаминӣ аз рӯи дараҷаи иктишофу таҳқиқот ба категорияҳо (дараҷаҳо)-и А, В, С1, С2 ҷудо мешаванд, ки ин категорияҳо аз рӯи як қатор хусусиятҳо муайян карда мешаванд. Захираи категорияи А барои банақшагирӣ ва лоиҳакашии истеҳсолот, категорияи В барои асоснок кардани маблағгузорӣ ба сохтмони корхонаҳои техникии коркарди кон, категорияи С1 барои асоснок кардани нақшаҳои ояндадори саноат ва иктишофи геологӣ истифода мешаванд. Вобаста ба масоҳати вусъат онҳоро ба захираи сарватҳои табиии ҳавзаҳо, қитъаҳо ва блокҳо ҷудо мекунанд.
Захираи сарватҳои табиӣ тавозунӣ (саноатӣ) ва ғайритавозунӣ мешаванд. Захираи сарватҳои табиие, ки дар шароити ҳозираи дараҷаи техникӣ ва иқтисодиёт барои истифода дар хоҷагии халқ мувофиқ аст, тавозунӣ ва захираи сарватҳои табиие, ки истифодаи он дар шароити кунунии дараҷаи техникаву технологӣ душвор ва аз ҷиҳати иқтисодӣ беманфиат буда, вале дар оянда истифодаи он имконпазир аст, ғайритавозунӣ мебошад. Захираи сарватҳои табиӣ бо сабабҳои зерин ба гурӯҳи захираҳои ғайритавозунӣ дохил мешаванд:
- Миқдоран кам будани захираҳо;
- Ғафсии ками ҷисмҳои кони маъдан;
- Фоизи пасти қисмҳои фоиданок;
- Шароити мураккаби истихроҷ;
- Зарурати технологияи мураккаби коркарди кони маъдан.
Дар ҳудуди Тоҷикистон таҳқиқоти геологӣ зиёда аз 50 кони намакро ошкор кардааст, ки 13-тои онҳо захираҳои бузург доранд. Захираи умумии намак миллиардҳо тоннаро ташкил медиҳад. Қисми асосии он байни регу гили давраҳои юра, бӯр ва неоген вомехӯрад. Аз нигоҳи ҷуғрофиёӣ он дар се мавзеъ (дар қисми ҷанубу ғарбии Тоҷикистон, водии Фарғона ва Помир) воқеъ гардидааст. Бузургтарин конҳои намак дар ҷанубу ғарби Тоҷикистон ҷойгир шудаанд. Аз ҷумла, конҳои намаки Хоҷамӯъмин ва Хоҷасартез аз ҷиҳати масоҳат ва баландӣ ба кӯҳ шабоҳат доранд. Онҳоро кӯҳҳои намакин ҳам мегӯянд. Захираи геологии намаки Хоҷасартез 40 млрд т ва Хоҷамӯъмин 30 млрд т-ро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар ин мавзеъ конҳои намаки Тутбулоқ, Танобчӣ, Норак воқеъ гардидаанд. Дар заминаи кони намаки Хоҷамӯъмин заводи намаки Восеъ фаъолият дорад. Дар таркиби намаки Тутбулок (8 км дуртар аз Ёвон) 63 дарсад хлориди натрий мавҷуд аст, он дар Комбинати электрокимиёии Ёвон ҳамчун ашёи хом истифода мешавад. Конҳои дигари намак дар ноҳияи Ашт (кони Қамишқӯрғон) ва дар Помир (кони намаки Шӯрбел) маълуманд.
Дар ҳудуди қаторкӯҳи Қурама ва кӯҳи Муғул захираи конҳои филиззоти ранга (мис, тило, кадмий, галий, германий) ва маъдани оҳан мавҷуданд. Дар қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор ва Қаротегин захираҳои бузурги конҳои симоб, қалъагӣ, сурма, волфрам, тило, флюорит, шпати даштӣ, ангиштсанг, фосфорит ва оби минералӣ, дар минтақаи Бадахшон низ конҳои тило, қалъагӣ, волфрам, мис, молибден, сурма, симоб, сурб, сангҳои гаронбаҳо (лаъл, лоҷвард), абрақ, булӯри кӯҳӣ, асбест, намак, ангишт, торф, чашмаҳои оби гарм ва минералӣ таҳқиқ шудаанд. Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми захираҳои ҳидроэнергетикӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷаҳон ҷои дуввумро ишғол менамояд. Бунёди неругоҳҳои барқи обии Сангтӯдаву Роғун дар рӯди Вахш имкон медиҳад, ки захираҳои об самарнок истифода ва қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол карда шавад.
Бо мақсади муайян кардани захираи сарватҳои табиӣ сифати онҳо, шароити ҷойгиршавӣ ва технологияву манфиати иқтисодии онҳо, таркиби маъданнокӣ ва кимиёии маъданҳо, пайдоиши онҳо корҳои иктишофи геологӣ гузаронида мешаванд.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Захираи сарватҳои табиӣ / М. Раҳимов, М. Ҷанобилов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.