Захираҳои бонкӣ
Захираҳои бонкӣ — маблағҳои муайяни пулӣ.
Тавсиф
[вироиш | вироиши манбаъ]Маблағҳои муайяни пулӣ, ки барои пешбурди фаъолияти тиҷоратию хоҷагидории бонкҳо лозиманд; маҷмӯи воситаҳои пулие, ки дар ихтиёри бонк қарор дошта, барои анҷом додани амалиёти фаъол истифода мешаванд. Заминаи асосии ташкили захираҳои бонкиро амалиёти ғайрифаъоли бонк ташкил медиҳад. Захираҳои бонкӣ қисми таркибии захираҳои молиявии бонк ба ҳисоб рафта, сохтори онҳо ба хусусият ва дараҷаи фаъолияти бонкҳо вобастагии амиқ дорад. Дар таҷрибаи муосир сохтори Захираҳои бонкиро ба захираҳои худии бонк ва захираҳои ҷалбкардашуда ё худ захираҳои қарзӣ ҷудо кардаанд. Захираҳои худии бонк сармояи оинномавии муассисаи бонкӣ, маблағҳои фондҳои захиравӣ, даромади софи тақсимнашудаи бонк ва сармояи иловагиро дар бар гирифта, маъмулан, то 20–30 дарсади асос (база)-и умумии захиравии бонкҳоро ташкил медиҳанд.
Қисми дигари асос (база)-и захиравии бонкҳоро захираҳои ҷалбкардашуда ва ё захираҳои қарзӣ ташкил медиҳанд. Ба захираҳои ҷалбкардашуда (қарзӣ) депозитҳои муҳлатнок, депозитҳои бемуҳлат, пасандозҳои аҳолӣ, сертификатҳои амонатӣ, коғазҳои қиматноки фурӯхташудаи бонк, қарзҳои байнибонкии гирифташуда, маблағҳои дар ҳисобҳои муросалотибудаи мизоҷон дохил мешаванд. Дар таҷрибаи муосир наздики 70–80 дарсади асоси захиравии бонкиро захираҳои аз ҷониби бонк ҷалбкардашуда ташкил медиҳанд.
Захираҳои бонкӣ вобаста ба арзиш, дараҷаи таъсиррасониашон ба даромаднокӣ ва бозоргирии бонк ба арзону қимат, бозоргиру камталабот ва ғ. ҷудо мешаванд. Дар ҳамаи мавридҳо таносуби захираҳои бонкӣ, яъне таносуби байни захираҳои худӣ ва ҷалбкардашуда бояд нигоҳ дошта шавад. Дар мавриди гузаронидани сиёсати пулию қарзӣ (monetary policy) меъёрҳои ин таносуб муайян карда мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Захираҳои бонкӣ / М. Р. Тағоев. // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.