Захираҳои ҳокимият
Захираҳои ҳокимият — маҷмӯи усулу воситаҳое, ки дар ҷараёни амалигардонии вазифаҳои ҳокимият истифода мешаванд.
Тавсиф
[вироиш | вироиши манбаъ]Вобаста ба марҳалаи рушди иҷтимоӣ ва сиёсии давлатҳову низомҳои сиёсии мушаххас захираҳои ҳокимият аз ҳам фарқ доранд. Дар марҳалаҳои ибтидоии рушди ҷомеа манбаъ ва захираи ҳокимият зӯр ба ҳисоб мерафт. Дар давраи инкишофи сармоядорӣ дороӣ ва пул бартарӣ ва нуфузи бештар дошт. Дар кишварҳои саноатӣ дониш ва иттилоот захираи асосии рушди истеҳсолот, ҳокимият ва ҷомеа гардид. Ҳамчунин омилҳои гуногуни ташкилӣ, анъанавӣ, маърифатӣ ва ғ. захираҳои ҳокимияти сиёсӣ шуда метавонанд.
Маъмулан захираҳои ҳокимият вобаста ба соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ тасниф ва тақсимбандӣ мешаванд.
Навъҳои нисбатан маъруфи захираҳои ҳокимият: иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маъмуриву қудратӣ, фарҳангиву иттилоотӣ, демографӣ, дипломатӣ, маънавиву ахлоқӣ, равоншиносӣ.
Захираҳои иқтисодии ҳокимият: сиёсати фаъоли сармоягузорӣ ва илмию техникӣ, сиёсати мувофиқу самарабахши андоз ва гумрук, сиёсати фаъоли иқтисодии хориҷӣ баҳри таҳкими истиқлолияти сиёсии кишвар ва ғ.
Захираҳои иҷтимоии ҳокимият: амалҳо ва чорабиниҳое, ки барои тағйири вазъи иҷтимоии умумиятҳои ҷомеаи мушаххас истифода мешаванд; имкони таъсир ба нишондиҳандаҳое аз қабили вазифа, мақому мартаба, таҳсилот, таъминоти иҷтимоӣ, хидматрасонии тиббӣ, имтиёзҳо.
Мақсади асосиро дар фаъолии иҷтимоӣ таъмин ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҷалби табақаҳои иҷтимоӣ, ҳамкорӣ бо умумиятҳои гуногуни иҷтимоӣ ташкил медиҳад.
Захираҳои маъмурию қудратии ҳокимият: раванди дарёфт ва интихоби кадрҳо, такмили мунтазами касбияти онҳо, таҷҳизонидани муассисаҳои ҳокимият бо воситаҳои техникии ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ, истисно намудани рақобати мақомоти қудратӣ, пешгирии ришва (коррупсия), шаклҳои гуногуни экстремизми сиёсӣ ва ғ.
Захираҳои фарҳангию иттилоотии ҳокимият: низоми ҳифз ва баҳисобгирии музаффариятҳои миллию фарҳангӣ, таҳлил ва ҳамоҳангсозии иттилооти зарурӣ, гуногунандешии кафолатнок дар фаъолияти ВАО ва омилу падидаҳои дигар. Вазифаи муҳимми ин навъи захираро низоми кафолатҳо баҳри ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ ва роҳ надодан ба ҳар гуна неруҳои иртиҷоӣ ба воситаҳои ахбор ташкил медиҳад.
Захираҳои ҳокимият аз рӯи манфиатҳо (ташкилӣ, инъомӣ, маҷбурсозӣ ва меъёрӣ) вазифаи гузариши бемонеаи амру фармонҳо ва дархостҳоро таъмин ва назорат менамоянд. Захираҳои инъомӣ воситаҳои моддӣ ва маънавиеанд, ки ҳокимият доираи муайяни аҳолӣ ва сиёсатмадоронро тавассути онҳо дар зери таъсири худ нигоҳ медорад. Масалан, дар арафаи интихобот тавассути инъомҳои гуногун ҳокимият заминаи иҷтимоии ҷонибдории нухбагон (элита)-и ҳукмронро васеъ мегардонад. Захираҳои маҷбурсозии ҳокимият аз маҷмӯи чорабиниҳои маъмурӣ иборатанд, ки барои иҷрои фармоишҳо истифода мешаванд. Онҳо хусусияти таъсиррасонӣ дошта, воситаи пешгирии ҳар гуна амалҳои ғайрирасмӣ ва эътирози сиёсии одамон мебошанд. Захираҳои меъёрӣ вазифаи таъсиррасонӣ ба рӯовариҳои арзишӣ ва меъёрҳои ахлоқиро иҷро менамоянд; воситаи таъмини ҳамкории иҷтимоии ҳокимон ва зердастон буда, боиси ташаккули низоми махсуси рафтор мегарданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Захираҳои ҳокимият / Г. Зокиров // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.