Захми меъда
Захми меъда | |
|---|---|
| Тасвири захми меъда, ки бо истифода аз эндоскоп гирифта шудааст | |
| МКБ-10 | Шаблон:МКБ10 |
| DiseasesDB | 9819 |
| MedlinePlus | 000206 |
| eMedicine | / |
| MeSH | D010437 |
Захми меъда, захми гуворишӣ (лот. Ulcus gastrica) — бемории музмини одам.
Тавсиф
[вироиш | вироиши манбаъ]Захми меъда дар заминаи гастрити музмин ба вуҷуд меояд. Захми меъда аз қадимулайём маълум аст. Абуалӣ ибни Сино дар китоби «ал-Қонун фи-т-тиб» андар баёни захми меъда гуфтааст, ки «... аксар вақт меъда аз сабаби назлаҳое гирифтори реш шавад, ки аз сар ба сӯи он фурӯд омада, тези сӯзонанда ва ё пазирои уфунат бошанд. Бинобар он агар фурӯдоии онҳо дер бикашад, онҳо гандида, меъдаро бихӯранд... Гоҳе бар решҳои меъда бадбӯии оруғ, баромадани бухоре, ки забонро бихушконад ва хушкии забон гувоҳӣ диҳанд ва бисёр вақт қай ба амал ояд... Бар реши андар даҳони меъда буда дарде далолат кунад, ки андар бахшҳои фурӯсуви сина ва бахшҳои барсӯвини шикам ҳис карда шавад ва он сахттар хоҳад буд... Далели реши андар қаъри меъда буда ин аст, ки ҳангоми он аз ғайри мавҷуд будани реши рӯдаҳо ҳамроҳи бироз қишри реш берун ояд, баъд аз ҷо ба ҷо шудани чизи хӯрдагӣ андар зери меъда дард ҳис карда шавад ва ин дард андак бошад». Захми меъда дар 5–10 дарсади аҳолии ҷаҳон мушоҳада мешавад. Дар Тоҷикистон 14 дарсади аҳолӣ гирифтори захми меъда аст. Яке аз сабабҳои асосии пайдоиши захми меъда бактерияи Helicobacter pylori мебошад, ки гастрит ва дуоденитро ба амал оварда, боиси пайдоиши захмҳо мегардад. Сабабҳои дигари беморӣ истеъмоли бардавоми доруҳои зиддиилтиҳобии ғайристероидӣ (аспирин, диклофенак ва ғ.) ва стероидӣ (преднизолон), тағзияи номураттаб, истеъмоли машруботи спиртӣ, кашидани тамоку (аз он ҷумла нос), омилҳои ирсӣ ва стрес мебошанд. Захм дар қисмҳои гуногуни меъда (тана, даромадгоҳ ва баромадгоҳи меъда) пайдо мешавад. Баъзан дар пиёзаки рӯдаи дувоздаҳангушта ду захми рӯ ба рӯ падид меояд, ки онҳоро «захмҳои ҳамоғӯш» меноманд. Яке аз аломатҳои болинии захми меъда дард дар қисми болои шикам аст, ки маъмулан ҳангоми гуруснагӣ пайдо шуда, бо истеъмоли қадре ғизо таскин меёбад. Баъдан бемор шабона аз дард, ки бисёр вақтҳо аломати захми рӯдаи дувоздаҳангушта аст, бедор мешавад. Дарди ногаҳонӣ баъди истеъмоли хӯрок мансуб ба захми меъда, дарде, ки баъд аз 2 соати истеъмоли хӯрок пайдо мешавад, марбут ба захми рӯдаи дувоздаҳангушта аст. Аломати болинии дигари захми меъда зардаҷӯш буда, он бо афзудани туршии шираи меъда (зиёд ҳосил шудани HCl) ва рефлюкси меъдаю сурхрӯда (бозгашти хӯрок аз меъда ба сурхрӯда) вобастагӣ дорад.
Захми меъда ба се марҳала – хурӯҷ, шифои нопурра ва шифои комил ҷудо карда мешавад. Барои ташхиси Захми меъда ғайр аз аломатҳои болинӣ ҳамчунин аз усули даруннигарӣ (эндоскопия) истифода мебаранд. Ин имкон медиҳад, ки ҷойи захм дар сурхрӯда, меъда, инчунин андоза, амиқӣ, паҳншавии илтиҳоб ва оризаҳои он муайян карда шаванд. Дар ташхиси захми меъда усули рентгенологӣ низ муҳим аст. Бо он на фақат ҷойгиршавии захм, ҳамчунин оризаҳо, хосса ба саратон табдил ёфтани онро муайян кардан мумкин аст. Барои ташхиси куллии захми меъда таҳқиқи қобилияти ассидҳосилкунии меъда низ муҳим мебошад. Барои ин ба воситаи найчаи махсус шираи меъдаро гирифта, дар он миқдори HCl, пепсин ва Ph-ро месанҷанд.
Захми меъда оризаҳои хавфнок дорад. Яке аз онҳо хуншорӣ аст, ки бо қайи сиёҳ, сиёҳ шудани пасафканд, бемадорӣ ва камхунӣ падид меояд. Сӯрох шудани захм (перфоратсия) бо дарди сихзанандаи ниҳоят шадид пайдо шуда, боиси илтиҳоби шикампарда – перитонит мегардад. Танг шудани баромадгоҳи меъда ва ё пиёзаки рӯдаи дувоздаҳангушта муҷиби ҷамъ омадани хӯрок дар меъда мешавад. Дар натиҷа дар сари сина эҳсоси гаронӣ ба вуҷуд меояд. Захми меъдаро бо дору ва ҷарроҳӣ муолиҷа мекунанд. Оризаҳои захми меъда бо ҷарроҳии эндоскопӣ табобат карда мешавад. Ҳангоми муолиҷа аз истеъмоли ғизоҳои турш, тунд, шӯр ва хӯроки зирбондаю серравған парҳез мефармоянд. Нӯшидани машруботи спиртдор ва кашидани тамоку манъ аст.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта / Ғ. Мироҷов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.