Заходер, Борис Николаевич
Заходер, Борис Николаевич | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | 18 августи 1898 |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 7 январи 1960[1] (61 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар | |
| Ҷойҳои кор | |
| Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих[d][2] |
| Алма-матер | |
| Ҷоизаҳо | |
Захаров Борис Николаевич (6.8.1898, вилояти Нижегород – 7.1.1960, Маскав) — шарқшиноси Шӯравӣ, доктори илмҳои таърих (1941), профессор (1943).
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Институти шарқшиносии Маскав (1927). Омӯзгор, мудири кафедраи забони форсии Институти шарқшиносии Маскав (1930–34), омӯзгори Институти фалсафа, адабиёт ва таърихи Маскав (1934 –39), омӯзгор (1939–44), мудири шуъбаи Шарқи факултаи таърихи Институти давлатии Маскав (1944–60), ҳамзамон ходими илмии Академияи давлатии таърихи фарҳанги моддӣ ва Осорхонаи фарҳанги Шарқ (1935–39), мудири сектори Эрон, мудири шуъбаи кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёнаи Институти шарқшиносии АИ ИҶШС (1944–60).
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Самтҳои асосии таҳқиқот: омӯзиши таърихи аҳди давлатдории Салҷуқиён ва Темуриён; тарҷумаи осори хаттии таърихӣ-ҷуғрофиёии Эрон ва Осиёи Марказӣ. Муаллифи зиёда аз 75 рисолаву мақола, ки баъзе аз онҳо, аз қабили «Муҳаммади Нахшабӣ» (1940), «Маҷнун – шоир ва хушнависи Ҳирот» (1944), «Хуросон ва ташкил ёфтани давлати Салҷуқиён» (1945), «Алишер Навоӣ» (1946), «Ҷуғрофиёнигорони Осиёи Миёна ва Хуросон дар асрҳои 9–10» (1956) ба таъриху тамаддуни Мовароуннаҳру Хуросон бахшида шудаанд. Захаров бори аввал «Рисола дар бораи хушнависону наққошон»-и Қозӣ Аҳмад (1947) ва «Сиёсатнома»-и Низомулмулкро (1949) ба забони русӣ тарҷума кардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 Заходер Борис Николаевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- 1 2 3 Летопись Российской академии наук. Т. VII. 1946—1953 (рус.) — М.: Архив Российской академии наук, 2022. — С. 682. — 896 с. — 300 экз. — ISBN 978-5-6046932-6-1
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Захаров Борис Николаевич // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.