Заъфарон
| Заъфарон | ||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| | ||||||||||
| Табақабандии илмӣ | ||||||||||
|
Олам: Салтанат: Шоха: Синф: Тартиб: Оила: Зероила: Ҷинс: Гуна: Заъфарон |
||||||||||
| Номи илмӣ | ||||||||||
| ||||||||||
Заъфарон, заъфар (лот. Crocus sativus) — рустание, ки гулҳои зебои хушбӯй дорад ва дар хӯрок барои таъму рангу бӯй истифода бурда мешавад.
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]
Заъфарон гиёҳи бисёрсолаи пиёзакбех аст. Дар гузашта заъфароне бо номи заъфарони Қоин хеле машҳуру камёфт будааст, ки онро аз шаҳри Қоини Эрон мегирифтаанд. Бо ин мақсад чизҳои хеле нодир «заъфарони Қоин» ном бурда мешуд. «Заъфаронрез» маънии ранги зарди баланд ва «заъфаронӣ» маънии бо Заъфарон тайёркардаро дошт. Чеҳраи зарди рангбохтаро низ «заъфарӣ» ё «заъфаронӣ» мегуфтанд.
Заъфарон пояи кӯтоҳ (10-30 см қад мекашад) ва барги борики сабзи рӯшан дорад. Гулаш (дар ҳар бех 1 ё 2-то) зард, бунафш ё сафед, моҳҳои сентябр — октябр мешукуфад. Ғӯракаш поинӣ, бо сутунчаи дарози зардтоб ба се гардгирак тақсим мешавад. Гардгиракаш дароз (3-3,5 см) буда, дар миёни наздбарга овезон аст. Заъфарон ғӯзаи сертухм, тухми майдаи мудаввар дорад. Дар табиат Заъфарони худрӯй маълум нест. Тахмин меравад, ки онро дар Сурия, Эрон ва Осиёи Хурд боғӣ кардаанд. Заъфаронро дар Испания, Туркия, Эрон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Хитой, Фаронса, Ҷопон, Африқои Шимолӣ, инчунин дар Доғистон, Қрим, Озарбойҷон ҳамчун гиёҳи хушбӯи ғизоӣ, шифобахшу ороишӣ мекоранд. Дар таркиби Заъфарон витаминҳо (B1 B2), флавоноидҳо, глюкоза, равғани эфир (1 %), каротиноидҳо, тиамин, рибофлавин, моддаҳои рангдеҳ, агликонҳо ва ғ. мавҷуданд.
Корбурди пизишкӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Заъфарон гиёҳи шифобахши қадимист. Онро 2 ҳазор сол муқаддам дар Сурия ва Фаластин кишт мекарданд, чун адвиёт ба таом меандохтанд, барои мумиёӣ кардани маит ва тайёр намудани доруҳои гуногун истифода мебурданд. Дар дастхатҳои бостонии Эберс Заъфаронро ҷузъи таркиби 30 навъи дору хондаанд. Бино ба ақидаи табибони мардумӣ истеъмоли Заъфарон фараҳи бисёр меоварад, ҳамаи узвҳои ҳисси одамиро қавӣ мегардонад; пешобро меронад, қабзкунанда аст, воситаи иштиҳоовар, қувватбахши ҷигар, аъзои дарунӣ ва нафас мебошад, масона ва гурдаро пок менамояд. Заъфаронро бо асал истеъмол намоянд, санги гурда ва пешобдонро майда карда мерезондааст, бо кокутӣ бихӯранд, барои дарди бачадон ва мақъад нафъ доштааст. Ба гуфтаи табибони мардумӣ истеъмоли аз меъёр зиёди Заъфарон ба гурда зиёновар буда, мумкин аст дилро беҳузур кунад. Аз Заъфарон равған ҳам мекашанд. Бо ин мақсад 225 г онро дар 1050 г равғани кунҷид ё зайтун 45 рӯз андохта мемонанд (ҳар рӯз кофтан лозим аст). Агар равғани Заъфаронро бимоланд, асабро мулоим мекунад, хоб меоварад. Дар тибби муосир гардгираки гули Заъфарон (Flos croci)-ро барои табобати касалиҳои меъдаю рӯда ва чун воситаи пешоброн истифода мебаранд. Аз 1 га заъфаронзор то 20 кг ашёи хом (гардгираки гул) меғундоранд. Барои тайёр намудани 1 кг гардгираки хушки гул 150—200 ҳазор шукуфа лозим аст. Гардгиракҳои заъфаронро дар ҳавои бебориш, маъмулан, пас аз пешин меғундоранд. Бо ин мақсад гулҳои навшукуфтаро бо эҳтиёт чида дар ҷой ё хонаи махсус мегузоранд. Сипас гардгираки ҳар гулро бо эҳтиёт канда гирифта, дар рӯи симтӯри чашмакҳояш хурд ё хушккунак (15 дақиқа) хушк мекунанд. Заъфаронро чун адвиёт ба таом (оши палов, намудҳои гуногуни шӯрбо, моҳишӯрбо, карамшӯрбо ва ғ.) меандозанд. Ғизое, ки ба он Заъфарон илова карда шудааст, дер вайрон намешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Linnaeus C. Species Plantarum (лот.): Exhibentes plantas rite cognitas ad genera relatas — 1753. — Ҷ. 1. — С. 36.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Заъфарон / М. Ҳоҷиматов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.