Заҳабия

Заҳабия форсӣ: ذهبیه силсилаи тасаввуфӣ — яке аз ду шохаи Кубравия, дар баробари нурбахшия; пайравони Абдуллоҳи Бурзишободӣ.
Тавсиф
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ваҷҳи тасмия (сабаби номгузорӣ)-и заҳабия гуфтаанд, ки чун Абдуллоҳ аз итоат ва пайравӣ ба халифаи пири худ Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ – Саид Муҳаммади Нурбахш саркашӣ кард ва силсилаи ҷудогона ташкил дод, Хоҷа Исҳоқ гуфт: «Заҳаба Абдуллоҳ», яъне Абдуллоҳ аз итоати мо берун рафт. Аммо пайравони Бурзишободӣ гуфтанд: «Заҳҳаба Абдуллоҳ», яъне Абдуллоҳ тило гашт. Заҳабия мазҳаби шиаи имомӣ дорад ва ривоҷдиҳандаи эшон Шайх Наҷибуддин Ризо Табрезӣ буд. Аввалин қутби заҳабия Маъруфи Кархӣ, сипас Сарии Сақатӣ, Абунасри Сарроҷ ва Абунаҷиби Суҳравардӣ буданд, вале маъруфтарин қутби он Наҷмуддини Куброст. Шайхони охирини силсила Парвизхони Салмосӣ, ҳоҷ Мирзо Аҳмад Ноибулаёлаи Табрезӣ ва ҳоҷ Ҳубби Ҳайдар буда, Ганҷавии Табрезӣ шайхи муосири он аст. Мухолифонашон онҳоро «заҳабияи иғтишошия» мегӯянд. Заҳабия бо сабаби ихлос ба ташайюъ ва ёрӣ ба вилояти имомони исноашара дар давраи Сафавия нахуст дар Хуросон ва баъд дар Форс ба густариши тариқати худ дар байни табақоти омма ва ҳунармандону косибон муваффақ шуданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Заҳабия / М. Ҳазратқулов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.