Заҳкашӣ

Заҳкашӣ — усули аз ҷароҳат, ҷавфи бадан ва узвҳои дарунхолӣ бо ёрии найчаҳои махсус ва фатилаю тасмачаҳои докагиву резинӣ баровардани риму фасод.
Тавсиф
[вироиш | вироиши манбаъ]Фатилаю тасмачаҳои докагӣ барои заҳкашӣ чандон мувофиқ нестанд, зеро онҳо риму фасодро ҷаббида, зуд тар ва корношоям мешаванд. Тасмачаҳои резини (масалан, аз резинаи дастпӯшак)-ро дар баъзе мавридҳо пас аз ҷарроҳӣ барои дур кардани обияти захм истифода мебаранд. Бо мақсади заҳкашӣ бештар найчаҳои резинӣ ва синтезии қутрашон гуногун истифода мешаванд. Қабл аз истифода онҳоро тоза шуста, бодиққат аз назар мегузаронанд ва тамйиз мекунанд. Найча бевосита ба ҷароҳат ё аз ҷои ба тозагӣ буридашуда ворид карда мешавад. Барои раҳо наёфтан найчаро баъзан ба пӯст кӯк мегиранд ё бо пластир мечаспонанд. Қисми беруни найчаеро, ки ба ягон ҷавф, масалан, ба сифоқ, плевра ва ғ. ворид карда шудааст, бо дока мебанданд, то ки амиқ фурӯ наравад. Найчаро дар сатҳи захм бо ресмон мебанданд: ҳангоми аз ҷароҳат баромадани найча ресмон аз сатҳи пӯст намоён ва дар мавриди ба захм амиқ фурӯ рафтани он нопадид мешавад. Барои аз ҷавфи плевра хориҷ кардани риму фасод аз заҳкашии сифонӣ истифода мекунанд. Барои ин аз сӯрохе, ки дар байни қабурғаҳо эҷод карда шудааст, ба ҷавфи плевра найча мехаланд. Нӯги найча ба зарфи дорои моеи зиддиуфунӣ гузошта мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо барои ба плевра роҳ наёфтани ҳаво ба нӯги берунии найча ангушти дастпӯшаки резиниро мепӯшонанд. Сари ангушти дастпӯшак тавре бурида мешавад, ки он ҳангоми нафас гирифтани бемор сӯрохи найчаро мисли дарича мебандад (заҳкашии даричадор).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Заҳкашӣ / Ш. Тошев // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.