Заҳри занбӯр


Заҳри занбӯр — апитоксин (аз лот. apis – занбӯр ва toxikon – заҳр), маҳсули ғадуди неши занбӯр.
Тавсиф
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Тоҷикистон аз занбӯрҳои заҳрнок занбӯри асал, занбӯри сурхи шарқӣ, полист, занбӯри деворӣ ва занбӯри заминков дучор меоянд. Хосса заҳри занбӯри асал маъруф аст. Он моеи беранги ғализ буда, бӯи махсус ва таъми талх дорад. Дар таркиби заҳри занбӯри асал сафедаи фаъоли биологӣ (мелиттон), ферментҳо (гиалуронидаза ва фасфолипазаи А), асидҳои органикӣ, гистамин ва ғ. мавҷуд аст. Ба моддаҳои фаъоли он гликозиди гистамин, липидҳо ва моддаҳои шабеҳ ба сипонинҳо дохил мешаванд. Ҳангоми неш задан занбӯри асал 0,2–0,3 мг заҳр ҷудо мекунад; вояи марговари он 500–1000 нешзанӣ (тақрибан 0,2 г) аст. Аз заҳри занбӯри асал доруҳои гуногун таҳия мекунанд, масалан, апизартрон, вирапин, апифор ва ғ. Апизартрон дар шакли хока истеҳсол карда мешавад. Онро дар шишачаҳо (0,001 г) ба фурӯш мебароранд. Маҳлули апизартрон ба пӯст фиристода мешавад, марҳами онро ба пӯст мемоланд (дар саночакҳо гирифта шудааст). Вирапинро дар шакли марҳам истеҳсол мекунанд. Як грамми он аз 0,15 мг заҳри занбӯр иборат аст. Рӯзе 1–2 бор ба пӯст мемоланд. Апифор аз 0,001 г заҳри занбӯр иборат буда, барои электрофорез истифода мешавад. Қурси онро бевосита пеш аз истифода дар оби тақтирӣ (дистилятсияшуда) ҳал мекунанд (1 қурс дар 20 мл об). Заҳри занбӯри асал хосияти ангезишоварӣ, рафъи илтиҳоб ва холинолизӣ дошта, лахтабандӣ ва холестерини хунро кам, ҳемоглобинро зиёд мекунад. Онро барои муолиҷаи бемориҳои тарбодӣ, миозит, радикулит, невралгия, ҳангоми баъзе бемориҳои гармбодӣ, эндартериити фарогир, тромбофлебит ва ғ. истифода мебаранд. Ҳангоми зиёд кардани воя ё ҳассосияти баланд нисбат ба заҳри занбӯри асал сардард, дилбеҳузурӣ, қай, саглес, дилзанӣ, дарди камар ва банду буғум, табларза, беҳушӣ ва ғ. ба вуҷуд меоянд. Истифодаи доруҳои он дар мавриди бемориҳои сироятӣ, ҷигар, хун, гурда, ғадуди зери меъда, диабети қандӣ, амрози римнок, бемориҳои силсилаи дилу рагҳо, рӯҳӣ ва ғ. ҷоиз нест. Занҳо (хусусан дар давраи ҳайз ва ҳомилагӣ), кӯдакон ва пирон ба таъсири заҳри занбӯр ҳассосияти баланд доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Заҳри занбӯр // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.