Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Заҳҳок ибни Музоҳим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Заҳҳок ибни Музоҳим
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: муҳаддис, муфассир
Таърихи таваллуд: асри VII
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: на пештар аз 720 и на дертар аз 725
Маҳалли даргузашт:
Эътиқод: ислом ва суннӣ
Вироиши Викидода

Заҳҳок ибни Музоҳим (ар. الضحاك بن مزاحم الهلالي‎, Абулқосим Ҳилолии Хуросонии Балхӣ; асри VII, вилояти Балхна пештар аз 720 и на дертар аз 725, Хуросон) — муфассир ва муаллими Қуръон.

Дар Балх мадрасае барои таълими Қуръон бино кард, ки дар он 3000 писар ва 700 духтар ба таҳсил ва омӯзиши Қуръон машғул буданд. Ӯ худ бар харе савор онҳоро, ки дар гӯшаҳои мадраса тақсим шуда буданд, назорат мекард. Заҳҳок ибни Музоҳим аз баъзе саҳобагон ривоят карда, бузургони ҷарҳу таъдил, ба монанди имом Аҳмад, Ибни Маъин ва Абузуръа ӯро сиқа донистаанд. Заҳҳок ибни Музоҳим китобе дар тафсири Қуръон навишта, ки онро Алӣ ибни Ҳакам (аз ровиёни сиқа), Алӣ ибни Сулаймон (аз ровиёни садуқ) ва Абуравқ Атийя ибни Ҳорис (аз ровиёни мақбул) аз вай ривоят кардаанд.