Зверев Митрофан Степанович
Зверев Митрофан Степанович | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | 3 (16) апрел 1903 |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 17 ноябр 1991 (88 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар | |
| Фазои илмӣ | ахтаршиносӣ, Астрометрия, ситора[2] ва ситораи мутағйир[d][2] |
| Ҷойҳои кор | |
| Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва метематика[d] |
| Алма-матер | |
| Ҷоизаҳо | |
Зверев Митрофан Степанович (3.4.1903, Воронеж, Русия – 17.11.1991, Пулково, Санкт-Петербург), астрофизики рус, доктори илмҳои физикаву математика (1947), профессор (1948), узви вобастаи АИ ИҶШС (1953).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Консерваторияи Маскав (1929) ва Донишгоҳи Маскав (1931). Дар Институти давлатии астрономии ба номи П. К. Штернберг ҳамчун ходими калони илмӣ (1931–38), мудири хидмати вақт (1941–45), ноиби директор (1945–51), профессори кафедраи астрометрияи факултаи механика ва математика (1948 –52) кор кардааст. Ноиби директори Расадхонаи Пулково (1951–71), мудири кафедраи астрономияи Донишгоҳи Ленинград (1970) ва ҳамзамон котиби Шӯрои илмии Расадхонаи асосии астрономии АИ ИҶШС (1951–71). Таҳқиқоти илмиаш асосан ба астрометрияи бунёдӣ, хидмати вақт ва омӯзиши ситораҳои тағйирёбанда бахшида шудааст. Солҳои 1932–75 дар мушоҳидаи меридиании ситораҳои барномаи байналмилалӣ дар Маскав, Пулково ва Сантяго (Чили) ширкат варзидааст. Ба гурӯҳи кории лоиҳаи байналмилалии «Зиҷи ситораҳои тира» роҳбарӣ кардааст. Ташкилкунанда ва иштирокчии экспедитсияи астрономӣ оид ба мушоҳидаи ситораҳои Нимкураи ҷанубӣ ва таҳияи чандин зиҷи астрономӣ дар Чили (1962–73). Корҳои зиёди омӯзгорӣ ва илмию оммавӣ анҷом додааст. Зверев Раиси Комиссияи астрометрии Шӯрои астрономии АИ ИҶШС (1951–73), президенти Комиссияи № 8 «Астрономияи позитсионӣ»-и Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ (1952–58) буд. Сайёраи хурди № 2323, ки аз ҷониби Н. С. Черних кашф карда шуда буд (1976), ба ифтихори ӯ «Зверев» номгузорӣ шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Зверев Митрофан Степанович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- 1 2 База данных Национальной библиотеки Чешской Республики
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зверев Митрофан Степанович / А. Раҳмонов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Зодагони 16 апрел
- Зодагони соли 1903
- Зодагони Империяи Русия
- Даргузаштагони 17 ноябр
- Даргузаштагони соли 1991
- Даргузаштагон дар Иттиҳоди Шӯравӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Физика