Зворикин Владимир Козмич
Зворикин Владимир Козмич | |
|---|---|
| русӣ: Владимир Козьмич Зворыкин | |
| | |
| Таърихи таваллуд | 17 (29) июл 1888 ё 30 июл 1889 |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 29 июл 1982[1][2][3] |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар | |
| Фазои илмӣ | Электротехника, физик[5], technology of television[d][5], television transmitter[d][5], телевизиюн[5] ва electron microscopy[d][5] |
| Алма-матер | |
| Роҳбари илмӣ | Boris Rosing[d] |
| Ҷоизаҳо | |
Зворикин Владимир Козмич (30.7.1889, губ. Владимир, империяи Русия – 29.7.1982, Принстон, Ню-Ҷерси, ИМА), олим, муҳандис ва ихтироъкори рус; асосгузори телевизиони электронӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Омӯзишгоҳи воқеии Муром, Институти технологии Санкт-Петербург (1912). Ҳанӯз дар давраи донишҷӯӣ дар анҷом додани таҷрибаҳо дар соҳаи «дурбинӣ» ва электроника таҳти роҳбарии профессор Б. Л. Розинг ширкат варзидааст. Солҳои 1912–14 дар Коллеҷ де Франси Порис таҳти роҳбарии Пол Ланжевен донишомӯзиро идома додааст. Солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар артиши алоқа дар Гродно хидмат ва баъд дар мактаби афсарии Петроград кор кардааст. Соли 1918 ба ИМА муҳоҷират намудааст. Аз соли 1919 дар Ню-Йорк дар ширкати «Вестинҳауз» кор кардааст. Соли 1923 барои ихтирои телевизоре, ки пурра бо ҷузъиёти электронӣ кор мекард, иҷозатнома (патент) гирифт. Аз соли 1930 мудири лабораторияи электроникаи ширкати Radio Corporation of America (RCA) буд. Соли 1929 карнаи халоии телевизионӣ – кинескоп, соли 1931 карнаи ирсолкунанда – иконоскоп ва системаи телевизионии электрониро ихтироъ кардааст. Соли 1940 нури рӯшноиро ба рангҳои кабуд, сурх ва сабз ҷудо карда, телевизори рангаро сохт. Бо ёрии Зворикин соли 1938 дар Маскав (ИҶШС) нахустин пойгоҳи электронии телевизионӣ сохта, истеҳсоли нахустин телевизорҳои «ТК–1» бо кинескопҳои Зворикин ба роҳ монда шуд. Зворикин якҷо бо Ҷ. Ҳиллиер заррабин (микроскоп)-и электрониро ихтироъ кардааст. Дар солҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ба ихтирои таҷҳизоти биниши шабона ва бомбаҳои авиатсионии тавассути телевизорҳо идорашаванда машғул буд. Зворикин солҳои 1950–60 дар бунёд ва ихтирои электроникаи тиббӣ саҳм гузошта, барои зиёда аз 120 ихтироот иҷозатнома (патент) гирифтааст. Дорандаи Медали илмии миллии улуми ИМА.

Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Gran Enciclopèdia Catalana (кат.) — Grup Enciclopèdia, 1968.
- ↑ 4.0 4.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #119281856 // Gemeinsame Normdatei (нем.) — 2012—2016.
- ↑ 5.0 5.1 5.2 5.3 5.4 Чешская национальная авторитетная база данных
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зворикин Владимир Козмич // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.