Зери (пешоянд)
(Тағйири масир аз Зер)
Jump to navigation
Jump to search
Зери ( зер + бандаки изофӣ ) — пешоянди номӣ буда, алоҳида ва бо пешояндҳои аслии дар, ба, аз кор фармуда. мешавад.Вай ашё ва ё ҷоеро нишон медиҳад,ки амал дар таги он воқеъ мегардад.
Мисолҳо[вироиш]
- Сабза ва майсаҳо бошанд, дар зери рег тамоман нопадид гардида буданд (Садриддин Айнӣ);
- Вай ба зери девор лўеда шуда афтод (Ҷалол Икромӣ).
Муродифи пешоянди зери , дар зери пешояндҳои таги, дар таги, ба таги, аз таги, таки, дар таки, ба таки, таҳи, таҳти ҳам дар гуфтугў ва ҳам дар забони адабӣ ба таври васеъ истифода мешаванд.
Мисолҳо[вироиш]
- Бо нўги чӯбдаста он ҷоро мекофт ва аз таги пардаи тунуки рег занбурӯғҳо намудор мешуданд (Садриддин Айнӣ).
- Ду аспакӣ... ба тарафи аробае,ки Гулрӯ ва модараш дар таҳти он пинҳон буданд, меомаданд (Раҳим Ҷалил).
Нигаред низ[вироиш]
Сарчашма[вироиш]
- Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985. - с.297