Jump to content

Зигмунт Вроблевский

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зигмунт Вроблевский
лаҳӣ: Zygmunt Florenty Wróblewski
Таърихи таваллуд 28 октябр 1845(1845-10-28)[1][2][3]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 16 апрел 1888(1888-04-16)[2][3] (42 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ физик
Ҷойҳои кор
Алма-матер
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зигму́нд Флоре́нтий Анто́нович Врубле́вский (лаҳӣ: Zygmunt Florenty Wróblewski, 28 октябр 1845, Гродно 16 апрели 1888, Краков, Лаҳистон) — физикдони лаҳистонӣ, узви вобастаи АИ Краков (1880).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Донишгоҳи Киев таҳсил намудааст. Барои иштирок дар Шӯриши Лаҳистон (1863-64) ба Томск бадарға шуд. Соли 1869 ба Варшава баргашт. Аз соли 1882 профессор Донишгоҳи Краков. Дар соҳаи диффузияи газҳо дар қисмҳои моеъ ва сахт, моеъгардонии газҳо таҳқиқот анҷом додааст. Соли 1883 якҷо бо К. Олшевский бори нахуст оксигени моеъро ҳосил кард. Бо истифода аз оксигени моеъ нитрогени моеъ ва оксиди карбонро ҳосил кард, ҳарорати буҳронии оксиди карбон (1883), оксиген ва нитрогенро муайян намуд (1885-88). Вроблевский ҳангоми таркиши таҷҳизоти таҷриба ба таври фоҷиавӣ ҳалок шуд.

  • Ламанский С., Вроблевский С. А. Журнал Русского физико-химического общества. Физический отдел, 1888,т. 20.