Зиккурат

Зиккурат — (аз аккадии зиққурат – баланд, барафрошта, болоравӣ ба сӯи осмон), зигурот, дар ва Элом бурҷи ҳирамшакли бисёртабақаи зинадор, ки табақаи охирини он ниёишгоҳи худоён буд. Зиккуратҳо, маъмулан, тарҳи мураббаъшакл доранд. Табақаҳои шашгӯшаи канории Зиккурат ба таври алоҳида дар замини ҳамвор ва дар паҳлуи табақаи баландтарини марказӣ бунёд ёфта, ба ин тартиб табақаҳои канорӣ бурҷи марказиро истеҳком мебахшанд. Айвонҳои Зиккурат тавассути зинаҳои нишебрӯ бо ҳамдигар пайваст гардида, тоқҳои росткунҷа деворҳояшро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд. Зиккурат аз хишти хом (таркибаш аз гилу най) бунёд шуда, сатҳи берунӣ бо хишти пухта пардоз ёфтааст. Қабати нахустини Зиккурат бо қири тира рӯкаши мустаҳкам дошт. Қабатҳои дигар бо рангҳои гуногун (бо тартиби табақа; оҳарӣ, арғавонӣ, нилобӣ, гулгун, нуқрафом, тилоӣ) оро ёфта буданд. Роҳи баромад ба табақаҳои болоӣ тавассути зинаҳои печони нишебрӯ ё пандуси атрофи бурҷ буд. Мувофиқи асотир Зиккурат гӯё нардбони байни замину осмон (дар асотир ҷойгоҳи Худованд) буд, ки маъмулан дар паҳлуи он маъбад қомат меафрохт. Зиккурат ҳамзамон барои мушоҳадаҳои астрономӣ ба кор мерафт. Бо мурури замон тарҳи сохтмони Зиккуратҳо тағйир ёфта, аз ҳазораҳои 3–2 то м. дар ҷануби Байнаннаҳрайн Зиккуратҳои тарҳашон росткунҷа ва дар шимоли он Зиккуратҳои тарҳашон чоркунҷа маъмул гардиданд. Зиккуратҳои Шумер ба шарафи худоҳои олӣ: худои бод – Энлил, худои об – Энки ва худои осмон – Ану сетабақаӣ сохта мешуданд. Зиккуратҳои яктабақа низ, аз қабили Зиккурати ҳафттеппаи Элом, вуҷуд доштанд. То ҳол харобаҳои Зиккуратҳо дар Дурунташ, Дур-Шарукин, Ур ва Бобил боқӣ мондаанд, ки машҳуртаринашон Бурҷи Бобил мебошад.

Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зиккурат // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.