Зикр

Зикр (ар. ذكر – ёдоварӣ, ёдкард, баён), ёдовар шудан; ба ёд овардани чизи фаромӯшшуда; хилофи нисён (фаромӯшӣ) ва ғафлат. Мурод аз зикри аҳвол баён ё шарҳи ҳол буда, зикри хайр ё зикри ҷамил ба некӣ ёд кардани касе, ситоиши кирдору рафтор, хислату сифатҳои писандида ва амалҳои неки ӯст:
Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Гӯянд зикри хайраш дар хайли ишқбозон,
Ҳар ҷо, ки номи Ҳофиз дар анҷуман барояд
Ҳар ҷо, ки номи Ҳофиз дар анҷуман барояд.
Тариқаи зикр дар Зардуштия
[вироиш | вироиши манбаъ]Зикри ҷузъи таркибии риёзати рӯҳонии бисёр анъанаҳои динии бостонӣ, аз ҷумла зардуштия, буддоия ва ҳиндуия ба шумор меравад. Дар таълимоти зардуштия ин оин бо номи «бож гирифтан» («бож гуфтан», «бож кардан», «бож доштан») маъруф аст. Бож (аз авестоӣ «вач», паҳлавӣ «воч» ва «вочак» – вожа, сухан, гуфтор) ниёиши кӯтоҳест, ки оҳиста бар забон меронанд ё зери лаб мехонанд. Ҳамчуноне дар Авесто омадааст, Аҳура Маздо ба Зардушт мефармояд, ки номҳои бистгонаи ӯро рӯзу шаб бож гирад. Ӯ хитоб ба Зардушт мегӯяд: «Он ки дар ин ҷаҳони астуманд ин номҳои маро бож гирад ё рӯзону шабон ба бонги баланд бихонад... Он ки ин номҳоро ҳангоми бархостан аз хоб ё ба гоҳи хуфтан, ҳангоми куштӣ бастан ё куштӣ гушудан, ҳангоми рафтан аз ҷое ба ҷое ё ҳангоми рафтан аз шаҳру кишвар ба сӯи кишваре дигар бихонад... дар ин рӯзу дар ин шаб корд бар ӯ коргар нашавад; чаккушу тиру ханҷару гурзе, ки хашме бо ниҳоде саршор аз дурӯғ ба сӯи ӯ партоб кунад, бар ӯ коргар нашавад ва сангҳои фалохан бад-ӯ нарасад» (Ҳурмузд-яшт:11–19). Муродифи бож «замзам» ва «замзама» аст. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» аз бож ва замзам борҳо ёдовар шудааст:
Парастандаи озари Зардуҳушт
Ҳамерафт бо божу барсам ба мушт.
Фуруд омад аз аспу барсам ба даст,
Ба замзам ҳамегуфту лабро бибаст.
Берунӣ дар «Осору-л-боқия» гуфтааст: «Суруш нахустин касе буд, ки ба замзама амр кард ва он иборат аст аз ишорае, ки бо лаби баста адо шавад, на бо гуфтори мафҳум». Дар «Номаи Тансар» омадааст: «То мубад... ва диндорону зуҳҳод халват созад ва ба тоату замзам нишинад» («Таърихи Табаристон»).
Зикри дар ислом навъе пайванд ва робитаи банда бо Парвардгор буда, ҳар сухане, ки дар он ибодати Худо мақсуд бошад ва ҳар сабабе, ки ёди Худоро ба зеҳн ва хотир орад, зикри ба шумор меравад. Тавассути зикри тақарруб (наздикӣ) ба Худо муяссар гашта, ҳиҷоби миёни Ӯ ва бандагонаш бардошта мешавад. Зикр як навъ санохонии махлуқ ба Холиқ буда, ҳамаи махлуқот муносиби шаъни худ ҳар кадом ба гунаҳои мухталиф бо зикр машғуланд (Қуръон, 17:44; 24:41) ва зокир мебошанд: «Булбулонро дидам, ки ба нолиш даромада буданд аз дарахт ва кабкон аз кӯҳу ғукон дар обу баҳоим аз беша; андеша кардам, ки мурувват набошад, ки ҳама дар тасбеҳу ман ба ғафлат хуфта» («Гулистон»).
Зикри кабӯтарони ӯ: Бақра-бақу-бақу-бақу,
Хез дило, ту ҳам бигӯ: Бақра-бақу-бақу-бақу!
Тариқаи зикр дар дини мубини Ислом
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Қуръон фаровон ёд кардани Худо дар ҳамаи аҳвол (истодаву нишаста ва ба паҳлу) қайд шуда, макон ё замони хоссе барои зикр муайян нашудааст. Бо вуҷуди ин ба арзиши зикр дар баъзе маконҳо ва замонҳо таъкиди бештар рафтааст. Аз ҷумлаи замонҳои хосси зикри Худо дар Қуръон вақти намоз, бомдоду шомгоҳ (76:25), 13 рӯзи аввали зулҳиҷҷа (22:28; 2:203), ҳангоми рӯёрӯӣ бо душман (8:45), рӯзи ҷумъа (62:9), аз маконҳои хосси он масҷидҳо (22:40) ва Машъарулҳаром (2:198) гуфта шудааст. Дар манобеи ҳадисӣ барои зикр одобе чун таҳорат, хушуъ (фурӯтанӣ), ҳузури қалб, нишот (болидарӯҳӣ), ихлос, шавқ ва тааннӣ (оҳистагӣ) нақл шуда, илова бар замонҳову маконҳои тавсиякардаи Қуръон, мавридҳои дигар низ омадааст, аз ҷумла, дар хилват, дар ҳоле ки дигарон аз он ғофиланд, ҳангоми хусуфу кусуф. Дар ривоятҳо барои расидан ба хостаҳои алоҳида хондани баъзе оятҳои мушаххас ва барои рӯзҳову моҳҳои қамарӣ, соатҳои шабонарӯз, ҳолату ҳодисаҳое, ки барои инсон пеш меояд, зикрҳои гуногуни қуръонӣ ва ғайриқуръонӣ тавсия шудаанд. Аз ҷумла: такбир («Аллоҳу Акбар» гуфтан), таҳлил («Ло илоҳа иллаллоҳ, Муҳаммадун расулуллоҳ» гуфтан), тасбеҳ («Субҳоналлоҳ» гуфтан), таҳмид («Алҳамду лиллоҳ» гуфтан), ҳавқала («Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ» гуфтан), басмала («Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим» гуфтан), истисно («Иншоаллоҳ» гуфтан), истиоза («Аъузу биллоҳи мина-ш-Шайтони-р-раҷим» гуфтан), истиғфор («Астағфируллоҳ» гуфтан) ва салавот. Паёмбар (с) панҷ зикри аввалро «ал-боқиёту-с-солиҳот» («амалҳои мондагор») хондааст. Тибқи ҳадис, қиёмат вақте қоим мешавад, ки дар рӯи замин ҳатто як нафар гӯяндаи «Аллоҳ» боқӣ намонад.
Тариқаи зикр дар Тасаввуф
[вироиш | вироиши манбаъ]Зикр дар тасаввуф афзали ибодатҳо, бузургтарин аркони риёзат, яке аз манозили сайру сулук, ғизои рӯҳ, воситаи асосии унс ва наздикӣ ҷустан ба Худо, бетаваҷҷуҳии муҳиб ба мосиво (он чӣ ғайри Ӯст), берун омадан аз майдони ғафлату нисён ва ворид шудан ба фазои мушоҳада дониста мешавад. Дар як табақабандӣ зикрро ба ду навъ: лисонӣ (забонӣ) ва қалбӣ ё ҷаҳрӣ (ҷалӣ, ошкоро) ва хафӣ (пинҳонӣ) тақсим кардаанд. Абдуллоҳи Ансорӣ ҳузури қалбро муҳимтарин шарти таъсири зикр донистааст, ба ин далел, ки зикри забонӣ дар ҳоле қалб ғофил аст, ҳеч эътибор надорад. Ба қавли Суҳравардӣ, зикр бар чаҳор қисм аст: бо забон, бо қалб, бо сирр ва бо рӯҳ. Он гоҳ ки рӯҳ машғули зикр аст, сирру қалбу забон аз зикр бозмеистанд ва инро зикри мушоҳада мегӯянд. Ҳуҷвирӣ мушоҳадаро натиҷаи сукути забон донистааст, чаро ки сукут аломати мушоҳада ва нутқ нишонаи шаҳодат буда, миёни мушоҳадаи чизе ва шаҳодат бар чизе тафовути бисёре вуҷуд дорад. Бино бар ин, зокир то замоне, ки ба дараҷаи мушоҳада нарасидааст, мазкурро зикр мегӯяд ва замони мушоҳадаи Ӯ аз зикр бозмемонад. Дар зикри сирр қалбу забон аз зикр бозмемонанд ва онро зикри «ҳайбат» меноманд. Ҳангоме ки қалб дар ҳоли зикр аст, забон аз зикр бозмемонад. Аз Мансури Ҳаллоҷ нақл шуда: «Ҳар кас Худоро бишиносад, ҳаргиз «Аллоҳ» нагӯяд, зеро зикри ҳақиқӣ он аст, ки Худоро ба Худо бихонӣ, на ба забони муҳдас (офарида) ва ҳар кӣ «Аллоҳ» гуфт, ҳаргиз Ӯро нашинохтаву нашиносад».
Зикр ба таври инфиродӣ ва дастаҷамъӣ (маҷлис ё ҳалқаи зикр) анҷом дода шуда, маъмулан зикри инфиродӣ хуфя ва зикри дастаҷамъӣ ҷаҳрӣ сурат мегирад. Шумораи зикрро пири тариқат муайян мекунад ва он метавонад гуногун бошад. Мас., 300, 3000, 6000, 12000, 70000. Дар тариқати нақшбандия бештар зикри хуфя ва дар тариқати қодирия зикри ҷаҳрӣ маъмул аст. Ба андешаи Алии Ромитанӣ (фавт 1321), бояд бо зикри ҷаҳрӣ мубтадиён (оғозкунандагон) ва бо зикри хуфя мунтаҳиён (бафарҷомрасидагон) машғул шаванд, «зеро дар оғоз мебояд бо забон ёд кард, аммо дар анҷом – бо дил». Амири Кулол (фавт 1370) бо зикри ҷаҳрӣ машғул буд, аммо ба муриди худ Баҳоуддини Нақшбанд ихтиёр дод, ки навъи риёзат ва камолоти маънавиро интихоб намояд ва ӯ зикри хуфяро эҳё кард.
Абдуллоҳи Ансорӣ тафаккурро ҷустан ва тазаккурро ёфтан гуфта, Мустамлии Бухорӣ зикрро аз сифоти ғоибон ва фикрро аз сифоти ҳозирон мешуморид.
Ҷалолуддини Балхӣ зикрро мӯҷиби хуруҷи фикр аз карахтиву афсурдагӣ медонад:
Ин қадар гуфтем, боқӣ фикр кун,
Фикр агар ҷомид бувад, рав зикр кун!
Зикр орад фикрро дар эҳтизоз,
Зикрро хуршеди ин афсурда соз!
Яке аз навъҳои зикр дар тасаввуф зикри арра аст, ки бо ширкати забону сина анҷом дода, садои арра ва андозаи кашидани он фаҳмида мешавад. Тариқи адои ин навъи зикр: лафзи «Аллоҳ»-ро ба сӯи димоғ ва лафзи «Ҳу»-ро ба ҷониби қалбу сина кашанд ва ин кашидану фурӯ бурдани ҳар ду лафзи мазкур ба зӯру шиддат бошад, лекин ба овози миёнаву савти ҳазин.
Ба андешаи А. Книш зикр бо «Ниёиши Исо»-и роҳибони Сино (Миср) ва Афон (Юнон) муштаракоти зиёд дошта, ҷапа-йогаи ҳиндӣ ва нембутсуи ҷопониро ба ёд меорад. Далелҳои таърихии таъйидкунандаи пайдоиши оинҳои мазкур аз як манбаъ вуҷуд надошта бошанд ҳам, робитаи таърихии байни онҳо аз эҳтимол дур нест.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зикр // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.