Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зилзилабардории сарбандҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зилзилабардории сарбандҳо — қобилияти ба таъ­сири зилзила (қувваҳои сейсмикӣ) тоб овардани сар­банд­ҳо.

Азбаски сарбандҳо аксар вақт дар минтақаҳои кӯҳии эҳтимоли зилзиланокиашон зиёд сохта мешаванд, барои зилзилабардории онҳо ҳангоми лоиҳакашӣ ва та­ҳияи технологияи сохтмон як қатор тадбирҳои зиддизил­зилавӣ ба назар гирифта мешаванд.

Барои таъмини зилзилабардории сарбандҳо усулҳои гуногуни муайян кардани қувваҳои дохилиро аз рӯи таъсири қувваҳои сейсмикӣ ис­тифода мекунанд. Ҳолатҳои гуногуни таъсири зилзила дар асоси тамсила (моделҳо)-и математикӣ бо дар назар дош­тани таъсири ҳидродинамикии оби обанбор таҳқиқ мешаванд. Тамсилаҳои физикии сарбандро барои дар таҷ­ри­ба муайян кардани мушаххасоти динамикии он бо мақ­сади ошкор кардани қувваҳои сейсмикӣ истифода мебаранд. Ҳангоми сохтмон ва дар давраи истифодаи сарбанд эҳтимоли бавуҷудоии зилзила дар натиҷаи баланд шудани сатҳи об дар обанбор (афзоиши вазни об), инчунин ис­тифодаи таҷҳизоти махсуси назоратии кори иншоот дар назар дошта мешавад.

Технологияи мустаҳкамкардани сарбандҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарбандҳо аз ҷиҳати маводди сохтмонӣ хокӣ, хокию сангӣ, оҳанубетонӣ, бетонии тиргакдор, бетонии равоқ­дор ва чӯбӣ мешаванд. Бинобар ин, зилзилабардории ҳар кадоми онҳо тадбирҳои махсуси зиддизилзилавиро тақо­зо мекунад. Зилзилабардории сарбандҳо пеш аз ҳама ба мустаҳкамии маводди ҷис­ми сарбандҳо, инчунин сохт ва технологияи корҳои сохт­мо­нӣ, ки бо роҳи баррасии манзараи физикии таъсири зил­зила ва таҳлили маълумоти таҷрибавӣ имконпазир аст, во­баста мебошад. Шартҳои асосии зилзилабардории сарбандҳо: тақсими баробари қувваи зилзила ба ҳар як ҷузъи ҳаҷм, масса ва маводди сох­ти унсурҳои сарбанд; кам кардани қувваҳои зилзила бо роҳи коҳиш додани вазни ин унсурҳо ва паст кардани мар­кази вазнинии онҳо; зиёд кардани чандирии унсурҳои асо­сӣ; кам кардани сарбориҳо. Бо мақсади баланд бардош­тани мустаҳкамии қабатҳои болоӣ ва зилзилабардории сарбандҳои хокӣ тадбир­ҳое лозиманд, ки фишори масомавии зиёдатии хокро кам кунанд, аз ҷумла ниҳоят зич (шибба) кардани хокҳои начаспанда, мустаҳкам кардани нишебиҳои сангӣ, сохтани обравҳои иловагӣ зарур аст. Қабати болоии намкаши сар­бандҳои хокиро бо сангу сангреза пӯ­шон­дан лозим аст, то ки онҳо ҳангоми таъсироти зилзи­лавӣ маҳлул (об) нашаванд. Дар болои мағз (ядро) ва қабати обногузари сарбанд­ҳои сангию хокии дар минта­қаи серзилзила бунёдшаванда бояд обполоҳо сохта шаванд. Дар ин маврид таркиби қабати якуми обполо бояд тавре интихоб шавад, ки ҳан­го­ми заминҷунбӣ тарқишҳои дар обполо пайдошавандаро маҳкам кунад.

Ҳангоми бунёди сарбандҳои бетонии ҷозибавӣ (грав­и­татсионӣ) барои баланд бардоштани зилзилабардории сар­банд пеш аз бетонрезӣ хоки бодхӯрдаи болои харсанг­ҳоро тоза кардан ва харсангҳоро бо об шустан лозим аст.

Умуман, ҳангоми лоиҳакашии сарбандҳо дар минтақа­ҳои серзилзила қобилияти зилзилабардории онҳоро ба воситаи тадбирҳои зер баланд бардоштан мумкин аст:

– васеъ кардани бурриши амудии сарбанд;

– сабук кардани қисми болоии сарбанд аз ҳисоби мавод­ди сабук, гузоштани сӯрохҳо дар мавзеи наздите­ға­вии сарбанд;

– то харсангҳо кандани таги сарбанд;

– мустаҳкам кардани таҳкурсии аз хокҳои гуногун сох­ташуда бо роҳи тазриқ (инъексия) кардани ин хокҳо;

– бо ёрии анкерҳои тарангкунанда фишор додани бетон дар ҳудуди болои сарбанди бетонӣ;

– сохтани чокҳои периметралӣ дар сарбандҳои равоқ­дор;

– истифодаи тиргакҳои дуқатора ё гузоштани блок­ҳои тиргакӣ дар байни тиргакҳо дар сарбандҳои бетонии тиргакдор;

– пеш аз сарбанди бетонӣ сохтани болишти ҳаводори собит, ки суръати фишори ҳидравликиро паст мекунад;

– истифодаи «хоки арматурадор» дар бунёди сарбанд­ҳои хокӣ.


== Эзоҳ ==