Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зилзилашиносӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зилзилашиносӣ, сейсмология — илмест, ки зилзила, сабабҳо ва қонунмандии пайдоиши он, инчунин сох­ти Заминро меомӯзад.

Дар Зилзилашиносӣ мавҷи зилзила тавсиф­ди­ҳан­даи муҳимми маркази зилзила ва муҳити паҳншавии он буда, дар пойгоҳҳои зилзиласанҷӣ бо зилзиласанҷҳо сабт кар­да мешавад. Ҳарчанд ки одамон зилзиларо аз за­мон­ҳои қадим мушоҳада мекарданд, олимони соҳаи та­би­ат­ши­носӣ ва муаррихон зилзиларо ҳамчун як ҳодисаи мудҳи­ши табиат баён карда, сабабҳои пайдоиши онро аз ҷиҳа­ти илмӣ шарҳ дода наметавонистанд. Бинобар ин Зилзилашиносӣ илми нисбатан ҷавон ба ҳисоб рафта, дар давоми камтар аз сад сол ташаккул ёфтааст. Асоси илми Зилзилашиносӣро бо таҷ­ҳизоти мах­сус дар пойгоҳҳои зилзиласанҷӣ мунтазам мушоҳада кар­дани зилзила ташкил медиҳад. Чандин зилзилаи шадид ва харобиовари охирҳои асри 19 ва аввал­ҳои асри 20 дар кураи Замин боиси он гаштанд, ки дар мамлакатҳои Аврупо, Руссия, ИМА, Чин ва Ҷопон аввалин таҷҳизоти гуногуни зилзиласанҷӣ ихтироъ гардида, мушоҳадаҳои илмии зилзиласанҷӣ ба роҳ монда шаванд. То охири асри 20 мавҷҳои зилзила бо асбобҳои зилзила­санҷии қиёсӣ (аналогӣ), бо усули фотоэлектро­магнитӣ дар коғази махсуси аксбардорӣ сабт карда мешуданд (нигар Сейсмограмма). То их­тироъ гардидани зилзиласанҷҳо О. Коши, С. Пуассон, Ҷ. Рэлей, Г. Кирхгоф барои ташаккули асос­ҳои назарияи Зилзилашиносӣ саҳм гузоштаанд. Дар асоси таҳқиқи сейс­мограммаҳо сохти кураи Замин муайян карда шуд. Соли 1906 зилзилашиноси британия­гӣ Р. Олд­гем нишон дод, ки дар маркази Зилзилашиносӣ мавҷ­ҳои зилзила суст паҳн мешаванд, яъне он дорои ҳаста (ядро) мебошад. Соли 1909 А. Мохорович сарҳадди қишри За­мин ва мантияи онро ошкор намуд. Со­ли 1935 зилзилашиноси амрикоӣ Ч. Рих­тер ҷад­вали магнитудаҳои зилзиларо пешни­ҳод кард. Дар миё­на­ҳои асри 20 оид ба тақсимоти ҷуғрофиёии мар­каз­ҳои зилзила маълумот гирд оварда шу­да, дар асоси он мин­тақаҳои асосие, ки дар он ҷо заминҷунбиҳои сахт бештар ба ву­ҷуд меоянд, муайян гардиданд (мин­та­қа­ҳои за­мин­ҷунбии уқ. Ором ва Ал­пу Ҳимолой дар Замин). Дар таърихи ба­шарӣ ба шарофати илми Зилзилашиносӣ ба олимон муяссар гардид, ки сохти сайёраи Замин­ро, ки аз се қабати асосӣ – қишри замин (қа­бати болоӣ), мантия (амиқтар аз қишр) ва ҳаста (ядро) иборат аст, муайян кунанд.

Самтҳои асосии илмии Зилзилашиносӣ: омӯхтани табиати зилзи­лаҳо (сабаб, чӣ гуна ва дар куҷо ба амал ома­дан), татбиқи амалии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, омӯ­зиши сохти таркибии Замин, муайян намудани ҷой­гир­шавии сарватҳои табиӣ ва пеш­гӯии заминҷунбӣ. Яке аз мас­ъа­ла­ҳои му­ҳимми Зилзилашиносӣ пешгӯӣ кардани макон, замони ба амал омадан, иқтидори зилзила ва ҳимоя аз он мебошад. Сохтани бино ва иншооти ба зилзила тобоварро Зилзилашиносии муҳан­дисӣ ме­омӯ­зад.

Ҳоло мавҷҳои зилзиларо бо зилзила­санҷҳои муосири рақамӣ сабт ва бо компютерҳо дар муддати кӯтоҳ таҳлил мекунанд. Дар ҷаҳон якчанд шабакаи мушоҳадаи замин­ҷун­бӣ мавҷуд аст, ки тавассути онҳо мушаххасоти за­мин­ҷун­бӣ дар минтақаи назоратшаванда муайян ва маълумоти марбут ба заминҷунбӣ бо системаи ало­қаи умумӣ дар­ҳол бо Интернет пахш карда мешавад.

Масъалаи асосии амалии Зилзилашиносӣ паст кардани хавфи зилзила буда, барои ҳалли он усулҳои пешгӯии зилзила таҳия мегарданд ва ноҳиябандии зилзила анҷом дода мешавад. Зилзиларо дар асоси аломатҳои он – тағйирёбии ҳо­ди­са­ҳои физикӣ ва кимиёии муҳит (тағйирёбии реҷаи зилзи­ланокӣ дар маркази эҳтимолии зилзила, сатҳи об дар чоҳ­ҳо, ихроҷи зиёди радон аз замин, тамоюли сатҳи он, дигаршавии муқовимати электрии муҳит ва ғ.) пешгӯӣ мекунанд, аммо ҳангоми зилзила на ҳама вақт чунин тағ­йи­рот ба чашм мерасад. Бори нахуст соли 1975 дар Хитой зилзила 9 соат пеш аниқ пешгӯӣ карда шуд, ки дар нати­ҷа одамони зиёд аз ҳалокат наҷот ёфтанд. Соли 1976 боз дар он ҷо зилзилаи сахт рух дод, ки пешгӯӣ карда нашуд ва бар асари он 200 ҳазор нафар одам ҳалок гардид.

Маконҳои зарардидаи Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тоҷикистон дар миқёси Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон аз ҷи­ҳати рух додани зилзила яке аз минтақаҳои фаъол ба ҳи­соб меравад. Ҳар сол дар ҳудуди ҷумҳурӣ якчанд ҳазор зилзилаи гуногуннеру ба қайд гирифта мешавад, ки теъдоде аз онҳо эҳсосшаванда ва сахт мебошанд. Зил­зила­ҳои Қаротоғ (1907), Сарез (1911) ва Ҳоит (1949) аз зил­зи­лаҳои шадид ва харобиовари сайёра ба ҳисоб рафта, ба феҳристи зилзилаҳои маъруфи ҷаҳонӣ дохил шудаанд.

Зилзиласанҷони Тоҷик

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввалин пойгоҳи илмии зилзиланҷии Тоҷикистон дар ш. Сталинобод (ҳоло Душанбе) соли 1940 ба фаъолият шу­рӯъ кард. Барои рушди баъдии илми Зилзилашиносӣ дар ҷумҳурӣ зилзилаи шадиду харобиовари Ҳоит, ки 10 июли соли 1949 дар ҳудуди н. Ғарм (ҳоло Рашт) ба амал омад, такони нав бахшид. Соли 1951 Ин-ти сейсмологияи АИ Тоҷи­кистон таъсис дода шуд, ки барои бунёди шумораи зиёди пойгоҳ­ҳои зилзиласанҷӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат кард. Дар н. Ғарм соли 1954 Экспедитсияи комплексии сейсмологии Ин-ти физикаи замини АИ ИҶШС ташкил карда шуд. Ин ҳар ду боиси рушди илми Зилзилашиносӣ дар ҷумҳурӣ гардиданд. Дар рушди илми Зилзилашиносӣ дар Тоҷикистон олимони зилзилашиноси тоҷик С. Ҳ. Неъматуллоев, К. М. Мирзоев, Ф. Ҳ. Каримов, Н. Са­ломов ва дигарон саҳми арзанда гузоштаанд. Тоҷи­кистон аз даврони шӯравӣ ҳамчун яке аз мар­казҳои маш­ҳу­ри ил­ми З. дар ҷаҳон шинохта шудааст