Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зимистонгузаронии Занбӯри асал

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зимистонгузаронии Занбӯри асал
Рабочая пчела, покрытая цветочной пыльцой
Табақабандии илмӣ
ХАТО: шаблони таксономӣ вуҷуд надорад {{Apis mellifera}}. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
Гуна:
Зимистонгузаронии Занбӯри асал
Номи илмӣ
Apis mellifera Linnaeus, 1758
Ареал
тасвир
Вазъияти ҳифз
en:Data Deficient
Иттилоъоти нокофӣ
IUCN Data Deficient: ???

Зимистонгузаронии Занбӯри асал — ҳаёти ои­лаи занбӯрҳои асал дар давраи зимистон, ки сарҷамъ шу­да, дар ҳолати оромӣ (2–6 моҳ) қарор мегиранд. Сар­ҷамъӣ аз хусусиятҳои муҳимми биологии занбӯрҳои асал мебошад. Занбӯрҳо маҳз бо ҳамин роҳ сарморо паси сар, ҳаро­рати муҳитро танзим, ғизоро сарфа ва низоми баҳинҷори газҳоро таъмин мекунанд. Оид ба пешгирии талафоти зан­бӯр дар мавсими сармо пажӯҳишҳои ҷолиб анҷом дода шу­даанд. Маълум гардидааст, ки дар натиҷаи риоя нашудани қоидаҳои нигоҳубин, оилаҳои занбӯри асал нобуд ме­шаванд. Дар шароити иқлими Тоҷикистон дар мавсими сармо то 25–30 дарсади оилаҳои занбӯри асали хоҷаги­ҳои давлатӣ ва шахсӣ талаф меёбанд. Сабабҳои ин тафовут байни ҳарорати рӯзу шаб, зиёд сарф кардани ғизо, парвози бемаҳал, тухмгузорӣ дар моҳи январ, номусоид будани ҳо­лати кандуҳо ва маълумоти кофӣ надоштани занбӯр­парва­рон мебошанд.

Тухумгузории занбӯрҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба зимистон омода кардани занбӯри асал қоидаҳои мах­сус дорад. Ба ин кор аз тобистон бояд шурӯъ кард, зеро дар ин фасл дар андомгони занбӯр тағйироти хосса рух ме­диҳанд. Занбӯрҳо дар фасли тобистон ум­ри нисбатан кам мебинанд, ки сабаби ин вазнин будани кори онҳост. Баъди ба итмом расидани мавсими шаҳд­ғун­до­рӣ (охири тобистон) модарзан­бӯр тухми бисёр гузошта, ба парвариши занбӯрҳои зи­мистона тайёрӣ мебинад. Занбӯр­ҳои пир но­буд шу­да, моҳҳои август – сентябр зан­бӯр­ҳои ҷа­вони зимистона пайдо мешаванд. Дар ин муддат гарм нигоҳ доштани канду ва бо ғизои хушсифат таъмин кардани оилаи зан­бӯр муҳим аст. Занбӯрҳои ҷавоне, ки моҳи октябр ва аввали ноябр парвозӣ шудаанд, то охир­ҳои март зиндагӣ мекунанд. Зан­бӯр­ҳое, ки охирҳои ноябр аз тухм баромада, ҳа­нӯз парвозӣ нашудаанд, мавсими сарморо па­си сар менамоянд. Оилаи занбӯрҳое, ки зимистонро хуб паси сар мекунанд, пур­ра ва адади занбӯр­ҳои талафшудаи он кам мебошад. Модарзанбӯр тухм гузошта, саршумори оиларо бе таъхир зиёд мекунад. Барои натиҷаи дилхоҳ додани раванди Зимистонгузаронии занбӯри асал дар фасли тирамоҳ муайян кардани миқ­дори ғизо, неруи оилаи зан­бӯр, синни модарзанбӯр, кор­шоям будани кандуҳо, ву­ҷуд надоштани касалиҳои зан­бӯр ва ғ. муҳим аст. Миқ­дори ғизои занбӯрҳо дар шароити иқ­ли­ми Тоҷикис­тон бояд 10–12 кг бошад. Ҳангоми ҷо ба ҷо гузоштану бо матои ғафс ё кӯрпача пӯшондани болои ча­ҳор­чӯбаҳо, оилаи занбӯр ғизо ва гармиро сарфа ме­кунад.

Дар зимистон истифодаи ғизо ба таври хос сурат мегирад. Занбӯрҳои сарҷамъ ҳамеша ҷой иваз мекунанд: зан­бӯр­ҳои қабати боло ба дохил гузашта, занбӯрҳои дохил бе­рун мебароянд ва ғизо мегиранд. Онҳо дар зимис­тон ғизоро ба ҳамдигар намедиҳанд (баҳору тобистон ғизоро бо ҳам ме­бинанд). Ин хислати биологӣ як навъи мубориза барои ҳаёт аст. Ҳаво ҳар қадар сард бошад, истифодаи ғи­зо ҳамон миқ­дор меафзояд. Бинобар маълумоти Ин-ти чорводории АИКТ дар моҳ­ҳои ноябр – январ як оилаи занбӯри асал рӯзе 30–40 г ва дар як моҳ 1,2–1,3 кг ғизо мегирад. Моҳи феврал ин миқдор 2–2,5 маротиба афзуда, моҳи март, ҳангоми пайдо шудани 2–3 чаҳор­чӯбаи кирминадор ба 7–8 кг мерасад.

Зимистонгузаронии занбӯри асал ба дараҷаи солимии оила ва сифати занбӯрҳое, ки охири тобистон пайдо мешаванд, вобаста аст. Занбӯр­ҳои оилаи боқувват сармои зимистонро хуб мегузаронанд. Занбӯр­ҳои оилаи қавӣ батадриҷ кам шуда, баҳорон рушди онҳо ба таъхир меафтад ва эҳтимол дар вақти шаҳд­ғун­до­рӣ ширкат накунанд ё маҳсули ниҳоят кам диҳанд.

Дар такмилу таҷдиди оилаи занбӯри асал дар мавсими сармо нақши модарзанбӯри ҷавон назаррас аст. Давраи тухм­гузории вай дар фасли тирамоҳ нисбат ба давраи тухмгузории модарзанбӯри 2-сола 15–17 рӯз дарозтар ме­бошад. Бино бар ин, аз 2 сол зиёд нигоҳ доштани модар­занбӯр ҷоиз нест.

Раванди зимистонгузаронии занбӯрҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар кори зимистонгузаронии занбӯри асал ранги чаҳорчӯбаҳо низ мақоми хосса дорад. Дар чаҳорчӯбаҳои рангашон ҷигарии сафедтоб ни­гоҳ доштани оилаҳои занбӯри асал беҳтар аст. Дар чаҳор­чӯбаҳои сиёҳи куҳна зимистон асал бесифат ва мумкин аст турш шавад. Шарти дигари бемамониат паси сар кардани зимистон муттаҳид намудани оилаҳои заифи зан­бӯр­ҳо мебошад. Аз ду оилаи заиф метавон як оилаи қавӣ ба ву­ҷуд овард. Дар ин маврид неруи оилаҳо бояд баробар бошад. Роҳи дигари ҳифзи оилаҳои заиф ва модар­занбӯр­ҳои эҳтиётӣ низ мавҷуд аст. Бо ин мақсад кандуро ба 5–6 қисм тақсим ва ҳар қисмро бо фанер (ғафсиаш 0,4 см) ҷу­до карда, ба ҳар қабат 2–3 чаҳорчӯба мегузоранд ва мо­дар­занбӯру занбӯрҳоро ҷой медиҳанд.

Таҷрибаи занбӯрпарварони ҷумҳурӣ собит кард, ки дар фасли зимистон ба занбӯрҳо ба ивази шакароба додани кул­чақанд беҳтар аст. Барои омода кардани 1 кг кул­чақанд 40 г хокаи шакарро бо 280 г асал (ҳарораташ 46–480С) омех­та, даруни дока мегиранд ва рӯи чаҳорчӯбаҳои канду мегузоранд (болои онро бо селофан пӯшондан лозим аст). Агар зимистон аз канду садои занбӯрҳо шунида нашавад, пас мумкин онҳо аз хунукӣ фирор кардаанд, гурусна бошанд ё дар паси чаҳорчӯбаҳо ҷой гирифтаанд. Аз ин ли­ҳоз дар ягон рӯзи барои кор мусоиди моҳи январ канду­ҳо­ро фав­ран аз назар гузаронида, тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

  • Зимистонгузаронии Занбӯри асал / А. Шарипов // Замин — Илля. Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). ISBN 978-99947-33-89-9.