Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зимма

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зимма (ар. ذمّة – ба уҳда гирифтан, паймон), исти­ло­ҳи фиқҳӣ, муоҳида ва қарордоди доимӣ миёни давлат ё ҳо­кими исломӣ ва аҳли Китобу маҷус, ки бар асоси он пардохти ҷизя ва пойбандӣ ба муқаррароти хоссе бар ҷони­би дуввуми қарордод ва таъмини амнияти онҳо ба уҳдаи давлати исломӣ гузошта мешавад. Вожаи зимма, баргирифта аз таъбири «зимматуллоҳи ва расулиҳи» (дар ҳимояи Ху­до ва паёмбараш) аст, ки дар баъзе номаҳои расули Худо (с) ба қабилаҳои араб сабт шудааст. Аммо назди баъзеҳо онро бархоста аз решаи «замм» ба маънои «мазаммат шу­дан» медонанд. Сабаби зимма номида шудани ин қарор­до­ди ҳуқуқӣ дар он аст, ки ҷониби аҳдшикан муҷиби сарзаниш мешавад. Ҳангоми оҷиз мондани мусулмонон – «аҳли ҳуд­на» (аҳли сулҳ ва амон) аз ҳимоят ва таъмини амнияти аҳ­ли зимма, эътибори ҳуқуқӣ-фиқҳии қарордод лағв мегардад ва агар моле ба унвони ҷизя пардохт шуда бошад, ба соҳибонаш бозпас гардонида мешавад. Бо баста шудани аҳди зимма зиммиён узви дорулислом ва шаҳрванди ҷо­меаи исломӣ шуда, аз тамоми кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳу­қуқӣ, ба ҷуз он чӣ, ки ба мусулмонон хос аст, бар­хӯр­дор мешаванд.

Муқарорити асосии аҳди зимма

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳди зимма бар Қуръон (9:29), суннати набавӣ ва иҷмоъи фуқаҳо истинод дорад. Тибқи муқаррароти иҷтимоии ислом, дар фарорӯи аҳли Китоб ва маҷус, ки дар қаламрави давлати исломӣ қарор мегирифтанд, се роҳ вуҷуд дошт: он­ҳо ё ислом меоварданд ва ба ҷомеаи мусулмонон мепай­вастанд, ё ҷангро ихтиёр мекарданд, ё ба аҳди зимма дохил шу­да, бо баргузидани ҳаёти мусолиматомез дар канори мусулмонон ба кафолатҳои ҳуқуқӣ ва таъмини амнияти худ даст меёфтанд. Онҳо бар асоси аҳди зимма метавонистанд озо­дона ба тиҷорат ва ҳар гуна муомилоти молӣ машғул бошанд, мансубият ва ақидаҳои динии худро ҳифз кунанд, дар хонаҳо ва ибодатгоҳҳояшон ба адои маросими динии худ бипардозанд. Агар касе аз мусулмонон дар ин мав­рид­ҳо ба онҳо фишор орад ё таҳдид кунад, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад. Аҳли зимма бояд ҳамаи муқаррароти иҷ­тимоии мусулмононро риоя кунанд, ҳаракати хилофи арзишҳои исломӣ анҷом нади­ҳанд, ба даъвати ошкори ди­гарон ба дини худ напардозанд ва вилояти худмухтор ё ҳу­кумате дар дохили давлати ислом таъсис надиҳанд; агар давлати ислом бо душмани хориҷие дар ҳоли ҷанг бошад, ба душманони вай ҳам­даст нашаванд.

Масъалаи ворид шудани пайравони динҳои дигар, ғайр аз яҳудиён ва масеҳиён, ба аҳди зимма ва масъалаи мансуб до­нистани онҳо ба аҳли Китоб дар замони садри ислом ду мавзӯи аз ҳам ҷудо буд, ки аз сӯи баъзе муҳаққи­қони баъ­дӣ бо ҳам омехта шудааст.