Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зиммел

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зиммел
олмонӣ: Georg Simmell
Таърихи таваллуд 1 март 1858(1858-03-01)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 26 сентябр 1918(1918-09-26)[1][2][5] (60 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ фалсафа ва sociology of religion[d]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Шогирдон Erich Rothacker[d] ва Karl Mannheim[d]
Имзо Имзо
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиммел (Simmel) Георг (1.3.1858, Берлин, – 28.­9. 1918, Страсбург, Фаронса) — ҷомеашинос ва файласуфи ол­монӣ. Хатмкардаи Донишгоҳи Берлин дар риштаи илм­ҳои иқти­сод, таърих, ра­вон­ши­носӣ ва фалсафа (1901). Устоди фал­сафа дар до­ниш­гоҳи мазкур (1901–14), ус­т­оди фалсафаи До­ниш­гоҳи Страсбург (1914–­18). Таъли­фоти Зиммел дар илми ҷо­меаши­носӣ ба зудӣ дар Ол­мон ва Аврупо маъруфият пайдо кард, аммо баъдтар ба гӯшаи фаромушӣ супурда шуд. Дар замони муосир эҳёи таъ­лимоти ҷамъият­шино­сии ӯ аз нав ба чашм мерасад. Осо­раш пайваста нашр мешаванд ва аз маъруфияти хос бар­хӯр­д

Зиммел аз назарияи ҷомеа­шиносии суварӣ (формалӣ) та­рафдорӣ мекард ва вазифаи ҷомеашиносиро дар таҳқиқи сувари мухталифи робитаю муносибатҳои иҷ­тимоӣ медид. Тибқи андешаи ӯ, танҳо илми ҷомеа­ши­носӣ тарзи таш­кил ва навъҳои фаъолияти ҳар гу­рӯҳро дар соҳаҳои иҷти­моӣ, иқтисодӣ, динию сиёсӣ ва ғ. маълум мекунад ва қонун­ҳое, ки бар асари онҳо соз­монҳою гурӯҳҳо ва аҳзоб ба ву­ҷуд меоянд, дарк мешаванд ва ба ин тартиб дар робитаю муносибатҳои ҷамъия­тӣ дигаргуниҳо ворид мегарданд.

Намояндагони мактаби «Фалсафаи ҳаёт» Зиммелро яке аз са­ромадони равияи худ меҳисобанд, зеро дар таҳқиқоти фал­сафӣ ва ҷомеашиносии ӯ баррасии мафҳуми зиндагӣ нақ­ши асосӣ дорад. Дар баррасиҳои фалсафии ӯ масъалаи ҳаёт на дар алоқамандӣ ба шакли зуҳураш дар табиат, балки бо чигунагии зуҳури он дар ҷомеа ба миён гузошта шудааст. Ба андешаи ӯ, фишори шаклҳои инкишофи «фар­ҳан­ги муосир» боиси ғайрияти инсон ва табиат мегардад ва дар натиҷа фардгароии инсон ташаккул меёбад. Зиммел инкор намекунад, ки «зиндагӣ як фароянди табиӣ аст», вале ба андешаи ӯ, ин қазоват набояд барои ҷамъ­басти кулли гуногунии равандҳои ҳаётӣ таҳти як «неруи яксамтаи ҳаётӣ» истифода шавад. Аз назари вай, ҳаёт маҳсули равандҳои аслӣ мебошад ва ин равандҳо таҳти итоати қонунҳои табиат қарор доранд. Агар шароит барои амали онҳо мав­ҷуд бошад, пас ҳаёт худ ба худ ба вуҷуд меояд. Яъне, қо­нуни махсуси ташаккули хосси ҳаёт ва таърих вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, инсон бо кашфи ин ва ё он қонуни табиат ва кӯшиши арзёбии онҳо ҳам­чун «қонунҳои табиат» бегумон манзараи ҳаётро содаву безеб месозад. Ин мас­ъала бо омӯзиши падидаҳои таъри­хӣ низ марбут дониста мешавад.

Зиммел дар мавриди низоъшиносӣ низ ақидаҳое пешниҳод кардааст. Ӯро яке аз саромадони ҷомеашиносии низоъ ши­нохтаанд. Ба андешаи ӯ, тағйири шаклҳои иҷтимоӣ боиси пайдоиши моҷароҳои нав мегардад ва ҷомеаро дучори ни­зоъҳо менамояд. Вале низоъҳо оқибатҳои мусбат низ доранд, зеро бо мурури дарёфти роҳи ҳалли худ боиси пайдоиши равандҳои мусбат дар ҳаёти ҷамъиятӣ мегарданд.

  1. 1 2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 1 2 Brockhaus Enzyklopädie (нем.)F.A. Brockhaus, 1796.
  3. Internet Philosophy Ontology project (ингл.)
  4. Deutsche Nationalbibliothek Record #118614436 // Gemeinsame Normdatei (нем.) — 2012—2016.
  5. Brozović D., Ladan T. Hrvatska enciklopedija (хорв.)LZMK, 1999. — 9272 с.