Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зимчурӯд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Зимчуруд
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Варзоб
Ҷамоат Деҳоти Варзобқалъа
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1057 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3153

Зимчурӯд — деҳа дар ҷамоати деҳоти Варзобқалъаи н. Варзоб. Дар ҳудуди хоҷагии ҷангалпарварии ба номи Маҳ­мадназар Худойназаров ҷойгир аст. Аз Зимчурӯд то маркази ҷа­мо­ати деҳот 2 км, то маркази ноҳия 2 км; роҳ ас­фалтпӯш. Аҳолиаш 1057 нафар (январи 2016). Деҳа ки­тоб­хона, муас­сисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, масҷиди панҷвақта, 5 нуқ­таи савдои хусусӣ ва истироҳатгоҳ (ла­гер)-и бачагона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, сабзавоткорӣ, ҷангал­парварӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёчаи Зимчурӯд об­ёрӣ мешаванд. Дар назди деҳа исти­роҳатгоҳи «Зимчурӯд» ва бӯстонсарои ҳукуматӣ мав­ҷу­данд. Дар ҳудуди Зимчурӯд хо­ҷа­гиҳои деҳқонии инфиродии «Ибодов Насриддин» ва «Ғу­лом­зода» фаъолият доранд.