Зина

Зина, зинапоя, нардбон, унсури маъмули санъати меъморӣ, пояи роҳравии хиштӣ, сангӣ, оҳанӣ ё чӯбӣ барои баромадан ба болохона ё қабатҳои болоии биноҳо. Истилоҳи мазкур ҳамчунин барои ифода кардани унсурҳои болобари нақлиёт (мошинҳои оташнишонӣ, киштиҳо, ҳавопаймоҳо, чархболҳо, зинапояи равон (эскалаторҳо), боғҳои истироҳатӣ, майдонҳо ва ғ. истифода мешавад. Зина асосан аз хишт, оҳану бетон, тахта ва филиззот сохта мешавад. Нахустин зинаҳо дар бошишгоҳҳои одамони ибтидоӣ ба вуҷуд омадаанд. Соли 2004 дар ш. Халштадти Австрия қадимтарин зинаро кашф намудаанд, ки 5000 сол пеш аз м. сохта шудааст. Зинаҳои маҷмааи бостонии Тахти Ҷамшед (Персеполис) соли 550 пеш аз м. сохта шуда, бо нақшу расмҳои ҷанговарон, шерҳо, барзаговҳо ороиш ёфтаанд. Дар Осиёи Марказӣ зинаҳо ҳанӯз дар асри биринҷӣ маъмул буданд (зинаҳои Мамнӯъгоҳи таърихӣ-бостоншиносии Саразм дар ш. Панҷакент). Дар асрҳои баъдӣ баробари пайдоиши биноҳо қасрҳо ва қалъаҳои бисёрошёна бунёд ва истифодаи васеи зина роиҷ гардид. Зинаҳои ёдгориҳои таърихии Қалъаи Қаҳқаҳа 1 ва 2, кӯшки «Чилҳуҷра» (остонаи васеи мусаттаҳи нишеби бе Зина) дар н. Шаҳристон ва Қалъаи Боло (асрҳои 6–12) дар ш. Исфара аз хишти хом ва похса сохта шудаанд. Дар асрҳои миёна Зинаҳо на танҳо дар манзилҳо, балки дар бинову иншоот, аз ҷумла манораҳои масҷиду қалъаҳо низ пайдо шуданд, ки асосан даврашакл буданд. Ҳоло дар санъати меъмории ҷаҳон бунёд ва истифодаи Зина хеле вусъат ёфтааст ва андозаи ҳар як пояи он вобаста ба таъйинот ва сохти бинову иншоот асосан 15х35 см мешавад. Нишебии зинаҳо, маъмулан, на беш аз 45°аст. Ба зина барои дошта баромадан аз як ё ду ҷониб даста-мутако насб карда мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зина / Р. Муқимов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.