Зинат
Зинат (ар. الزِینَة – ороиш, зевар, пероя) — шакли субъективии фаъолияти инсон ё амали такмилдиҳӣ, беҳтарсозии сифату арзиши ботинӣ ва ороиши ҷаҳони маънавии шахс; усулу воситаҳое, ки боиси ба вуҷуд овардани ҳиссиёти хушу гуворои зебоишиносӣ, шаҳват, ҳайрат, эҳтиром, тарс ва ғ. мегарданд. Зинат се гуна аст: 1. Ботинӣ-маънавӣ (илму эътиқоди хуб, хирадмандӣ, шарофат, ахлоқи ҳамида, бовиҷдонӣ, софдилӣ, некукорӣ, ҳисси эҳтирому муҳаббат ва садоқат, ғамхорӣ, тараҳҳум, шафқат ба одамону мавҷудот; дӯст доштани зебоӣ, мусиқӣ, рассомӣ, ҳунармандӣ, покӣ; пиндору гуфтор ва рафтори нек). 2. Баданӣ (пӯшидани либосҳои поку ороста, шона задани мӯйҳо, истифодаи атр, нерумандӣ, зебоии чашму рухсор, андом). Зинат Зоҳирӣ (зеварҳои ороишӣ, мол).
Ғанигардонии зинати ботинӣ ва зебоии маънавӣ, рушди сифатҳои ҳамида дар вуҷуди инсон яке аз муҳимтарин зина дар раванди такомули инсон буда, дар муқоиса бо дарёфти арзишҳои моддӣ қаноатмандии бештаре мебахшад. Ҳиссиёти қаҳру ғазаб, нафрату адоват, кинаву кудурат, ҳасад, ғараз, бадкориву бадтинатӣ, худпарастӣ ва дигар сифатҳои зишти одамӣ, ки аз ҷаҳони ботинии инсон сарчашма мегиранд, зинати ҷаҳони маънавии инсонро коста мегардонанд. Зинати ботин бар зинати зоҳир тарҷеҳ дода шудааст:
Сурати зебои зоҳир ҳеч нест,
Эй бародар, сирати зебо биёр!
Саъдӣ Шерозӣ.
Зинати дар шариат ду навъ аст: пинҳон ва намоён. Ошкор кардани зинати пинҳон (андом ва зебоиҳои бадан) барои бонувон дар баробари марди номаҳрам мамнӯъ, зинати намоён (рӯй, ҳар ду панҷаи дасту пой) ҷоиз шумурда шудааст. Зинате, ки барои мардон ҳаром дониста шудааст: истифодаи ангуштарин ва ҳалқаву занҷири заррин, дигар анвои зеваролот, либоси зарбофт, ҳарир ва абрешим.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зинат // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.