Зина (қатори мусиқӣ)
Намуди зоҳирӣ
«Зина» — дар мусиқӣ зинаҳои қаторовоз, ки дар табақоти муайяни нағма пайи ҳам муттасил меоянд.
«Зина»-ҳо дар ҳар як сози мусиқӣ «асосӣ» ва «мобайнӣ» мешаванд. «Зина»-ҳои асосӣ дар асрҳои миёна ба тартиб дароварда шуда, «Зина»-ҳои ягона буданд. «Зина»-ро дар мусиқӣ бо рақамҳои румии I, II, III, IV, V, VI ва VII ишора мекунанд. Аммо дар қаринаи роҳҳои дастаи танбӯр (роҳи «Рост» ва роҳи «Бузург») «Зина»-ҳои қаторовоз ба ду ҷӯри мавҷудаи танбӯр (ҷӯри «Рост» ва ҷӯри «Бузург») муайян мегарданд. Миқдори «Зина»-ҳо дар сози мусиқӣ ба мавҷудияти низоми нағамоти қаторовоз дар онҳо вобаста аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Зина» // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.