Зингер
Зингер | |
|---|---|
| идиш: יצחק זינגער | |
| | |
| Тахаллусҳо | Bashevis, Warszawski ва D. Segal |
| Таваллуд |
14 июл 1904[1][2][3][…] |
| Даргузашт |
24 июл 1991[6][3][7][…] (87 сол) |
| Шаҳрвандӣ (табаият) | |
| Навъи фаъолият | тарҷумон, румоннавис, эсперантист, зиндагиноманавис, рӯзноманигор, нависандаи кӯдакон, филмноманавис, насрнавис, Nobel Prize winner |
| Солҳои эҷод | 1927 — 1991 |
| Забони осор | инглисӣ[8], Забони эсперанто, идиш[6][9] ва полякӣ |
| Ҷоизаҳо | |
| Соядаст |
![]() |
Зингер (Singer) Исаак Башевис (14.7.1904, Варшава – 24.7.1991, ш. Маями) — нависанда, мунаққид ва рӯзноманигори яҳудии лаҳистонитабори амрикоӣ.
Зиндагинома ва осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар хонаводаи хохом (рӯҳонӣ) ба дунё омад. Муддате дар як мактаби мазҳабӣ таҳсил, аммо пас аз чанд моҳ онро тарк кард. Нахустин ҳикояи Зингер – «Дар дами пирӣ» соли 1927 дар маҷаллаи «Авроқи адабӣ» (Варшава), ки ӯ мусаҳҳеҳи он буд, мунташир шуд. Зингер ба забони идиш таълиф ва тарҷума мекард. Осори К. Гамсун, Т. Манн ва Э. Ремаркро ба ҳамин забон тарҷума кардааст. Нахустин романаш бо номи «Шайтон дар Горай» ба табъ расид, ки дар он рӯзгори замони яҳудиҳои асри 17 тасвир шудааст. Соли 1935 ба ИМА ҳиҷрат кард ва дар он ҷо бо дастгирии бародари бузургаш дар рӯзномаи яҳудии «Форвард» («Ба пеш») ба кор оғоз намуд. Зингер муддати 20 сол дар ин нашрия ахбор, фелетонҳо ва гузоришҳову ҳикояҳои худро бо тахаллусҳои Варшавӣ, Сегал ва Башевис чоп мекард. Соли 1937 романи ӯ «Гунаҳкори маҳдавият» ба нашр расид, ки то андозае буҳрони эҷодии нависандаро дар солҳои 1930 бозтоб кардааст. Зингер дар бораи паҳлуҳои мухталифи ҳаёти яҳудиёни лаҳистонӣ (аз асри миёна то даврони ҷадид) якчанд роман таълиф кардааст: «Хонаводаи Москат» (1945–48), «Работ» (1967), «Милки арбобӣ» (1969), «Шоша» (1978). Ба вижа романи ӯ «Барда» (1961) миёни хонандагони амрикоӣ маҳбубият пайдо кард. Ин асар аз таърихи муҳаббати духтари лаҳистонӣ Ванда ва ҷавони талмудшинос Яков, ки тамоми наздикону хешони худро дар ҳодисаи куштори як маҳаллаи яҳудинишин аз тарафи гайдамакҳо (дар асри 17) аз даст дода, бардаи як кишоварзи лаҳистонӣ шудааст, ҳикоят мекунад. Дар маҷмӯаи «Дӯсти Кафка ва ҳикояҳои дигар» (1970) шабоҳати осори Зингер бо эҷодиёти нависандаи олмонизабон Ф. Кафка эҳсос карда мешавад. «Ҷодугари Лублин» (1960) ва «Душманон, як достони ошиқона» (1972 аз тарафи Аҳмад Пурӣ ба форсӣ тарҷума шуд) аз китобҳои машҳури ӯянд. Дорандаи мукофоти Нобел дар соҳаи адабиёт 1978.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Internet Movie Database (ингл.) — 1990.
- ↑ Большая российская энциклопедия (рус.) — М.: Большая российская энциклопедия, 2004.
- ↑ 3.0 3.1 Zucker S. Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ https://data.carnegiehall.org/names/1024274/about (ингл.) — 2017.
- ↑ 5.0 5.1 5.2 Каталог Немецкой национальной библиотеки (нем.)
- ↑ 6.0 6.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Internet Speculative Fiction Database (ингл.) — 1995.
- ↑ CONOR.Sl
- ↑ ПроДетЛит (рус.) — 2019.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зингер // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Саҳифаҳои дорои аргументи такрорӣ дар фарохонии шаблон
- Зодагони 14 июл
- Зодагони соли 1904
- Зодагони Воеводствои Мазовия
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Даргузаштагони 24 июл
- Даргузаштагони соли 1991
- Даргузаштагони округи Майамӣ-Дейд
- Даргузаштагони Майамӣ
- Барандагони Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Википедия:Саҳифаҳо бо корбурди параметри «ном» дар шаблони «Қуттӣ»
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо
- Нависандагон
- Рӯзноманигорон аз рӯи кишвар
