Зингироғ
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Зингироғ | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон |
| Ноҳия | ноҳияи Дарвоз |
| Ҷамоат | Деҳоти Қалъаихум |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 257 тан (2018) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Зингироғ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Қалъаихуми н. Дарвоз. Аз Зингироғ то маркази ҷамоати деҳот 4 км, то маркази ноҳия (шаҳраки Қалъаихуми) 4 км; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 257 нафар (январи 2018). Деҳа бунгоҳи тиббӣ, ошхона, осиёби барқӣ, 2 нуқтаи савдои хусусӣ ва муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 (ба номи Олим Кабиров)-и маркази ноҳия ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Рузвай давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз чашмасорони кӯҳдоманҳо обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зингироғ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.