Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зиндазой

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сангпушт ҳайвони зиндазойи заиф

Зиндазой — дар ҳайвонот, вивипария, усули афзоиш, ки ҳангоми он ҷанин дар батни модар ташаккул ёфта, дар шакли бачаҳои каму беш тараққикарда, бидуни тухмпарда ба дунё меоянд. Зиндазой акси тухмзоӣ буда, онро ба 2 шакли асосӣ – тухмзиндазоӣ ва зиндазойи ҳақиқӣ ҷудо кардаанд. Ҳангоми тухмзиндазоӣ ҷанинҳо дар дохили тухм­пар­да инкишоф ёфта, аз ҳисоби моддаҳои захиравии тухм ғизо мегиранд. Онҳо аз тухмпарда бевосита пеш аз ба дунё омадан ва ё ҳатто баъд аз таваллуд раҳо меёбанд. Каждум, баъзе мору калтакалосҳо тухмзиндазо мебошанд. Дар ҳолати зиндазойи ҳақиқӣ тухмпардаҳо дар дохили андомгони модар кафида, ҷанинҳо бо девораи роҳи таносули ӯ алоқа пайдо мекунанд ва ба воситаи ҳамроҳак ғи­зо мегиранд. Дар мавриди зиндазой ҷанин метавонад дар тухм­дон, тухм­роҳа ё бачадон инкишоф ёбад. Зиндазойи ҳақиқӣ хосси рӯда­ковокҳо, бандпойҳо, нармбаданҳо, кирмҳо, сӯзан­пӯстҳо, наҳангҳо, ғукҳо, сангпуштҳо, калтакалосҳо, мор­ҳо, ҷон­ва­рони халтадор ва ғ. аст.