Зиновев Николай Михайлович
Зиновев Николай Михайлович | |
|---|---|
| Николай Михайлович Зиновев | |
| Таърихи таваллуд | 20 майи 1888 |
| Зодгоҳ: | |
| Таърихи даргузашт | 4 июни 1979 (91 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Мамлакат: | ИҶСШ |
| Жанр | Palekh miniature[d] |
Зиновев Николай Михайлович (русӣ: Никола́й Миха́йлович Зино́вьев;(20.5.1888, деҳаи Дягилевои вил. Иваново – 4.6.1979, н. Ивановск ) — рассоми шӯравии рус, яке аз ходимони барҷастаи санъати минётурӣ. Рассоми халқии ИҶШС (1974). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1978).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Падараш иконанигор буд. Иконанигориро дар устохонаи Белоусовҳо омӯхтааст. Соли 1926 ба Артели рассомии қадимии Палех дохил шуда, баъдан дар Маскав ва Петербург эҷодиёти рассомони машҳури санъати реалистии русро омӯхт, ки ин ба завқи бадеӣ-эстетикии ӯ таъсири амиқ гузошт. Омӯзгор ва директори Омӯзишгоҳи санъати рассомии Палех, роҳбари Осорхонаи давлатии санъати Палех (1944–56) буд. Зиновев яке аз аввалинҳо шуда ба мавзӯъҳои шӯравӣ рӯ овардааст. Корнамоиҳои халқи рус дар эҷодиёти Зиновев мавқеи махсус доштанд. «Маскав – бандари панҷ баҳр», «Таронаи мурғи тӯфон», «Иди ҳосилот», «Таърихи замин» ва амсоли инҳо аз беҳтарин асарҳои ӯ мебошанд. Зиновев инчунин муаллифи китобҳои «Санъати Палех» ва «Анъанаҳои сабки санъати Палех» мебошад.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дорандаи Мукофоти давлатии ҶШСФР ба номи И. Е. Репин (1970). Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат сарфароз гардидааст .
Эзоҳ =
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт =
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зиновев Николай Михайлович // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Зодагони 20 май
- Зодагони соли 1888
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Даргузаштагони 4 июн
- Даргузаштагони соли 1979
- Даргузаштагон дар Иттиҳоди Шӯравӣ
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи рассомон
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи рассомон дар Викианбор
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Рассомон аз рӯи алифбо