Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зинҷантроп

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Косахонаи сари «Хонуми ҳаловат». Осорхонаи Transvaal, Претория

Зинҷантроп (аз ар. зинҷ – номи Африқои Шарқӣ ва юн. anthropos – инсон) — як намуди австралопитекҳои ка­лон­ҷусса, ки косахонаи сари онҳоро Мэри Лики (1913–96) аз қабатҳои маскунии дараи Олдувайи Танзания пайдо кард (1959). Бозёфти мазкурро Люис Лики (ҳамсари М. Лики) дар асоси исми арабии минтақаи иқоматашон – Африқои Шарқӣ (Зинҷ) ва ба шарафи Ч. Бойс (сармоягузори экспедитсияи бостоншино­сӣ) – Зинҷантропи Бойс (Zinjant­hro­pus boisei) ном гузошт. Қисми болоии косахонаи сари Зинҷантропҳо калону баланд буд, рухсораи барҷаста ва ҷоғи ба пеш баромадаи теғашакл доштанд. Ҳаҷ­ми мағзи сарашон чандон калон набуд (530 мл). Ҷоғи бар­ҷастаи поини Зинҷантроп барои хои­да майда кардани хӯроки рус­та­нӣ муносиб буд. Ин бозёфт таърихи 1,8-миллионсола дорад. Дар яке аз қабат­ҳои мас­кунӣ ҳамроҳи Зинҷантроп олоти одии ша­ғалмонанд (чопер), шикастапораи устухони парандагон, хазандаҳо ва шир­хӯрон пайдо шуданд. Тахмин меравад, ки онҳо ба фаъолияти одамони ав­валин (Homo habilis) марбут буданд; усту­хонҳои ҷа­са­ди он­ҳо ду сол баъд аз ҷониби Л. Лики дар қабатҳои мас­ку­нии амиқтар пайдо карда шуданд. Ҳоло ин бозёфт бо номи австролопитекҳо ё парантропи Бойс (Austra­lopit­hecus /Pa­ranthropus boisei) оилаи фаръии ав­с­т­ра­лопитек­ҳои ка­лон­ҷуссаро ташкил медиҳад, ки аз 2,7 млн сол то 1 млн сол пеш дар Африқои Шарқӣ ва Ҷанубӣ иқомат доштанд.