Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зирбоншӯрбо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зирбоншӯрбо
Шӯрбои тагҷаз, شوربا
Ошпазии миллӣ
Ошпазии тоҷикӣ
Пайдоиш
Кишвари асл  Тоҷикистон
Маҳсулот
Асосӣ
Иловагӣ
Дигар хӯрокҳо

Зирбоншӯрбо, шӯрбои тагҷаз — як навъ таом. Барои тайёр кардани Зирбоншӯрбо гӯшти гов ё гӯсфандро 30–40-грам­мӣ бурида, дар равғани доғ то сурх шудан мезирбонанд ва ба он бехпиёзи майда резакардаро илова намуда, таф медиҳанд. Баъд сабзию картошка ва помидори поракар­да ё қайлаи помидор андохта, якчанд дақ. бирён мекунанд. Сипас ба болои гӯшту сабзавоти бирёнкарда оби хунук мерезанд ва дар оташи паст меҷӯ­шо­нанд. 10–15 дақ. пеш аз пух­тани шӯрбо ба он му­вофиқи табъ намаку адвиёт илова мекунанд. Шӯр­бои тайёрро ба косаҳо гирифта, ба болояш кабудии майда резакарда мепошанд. Зирбоншӯрборо бо дунба ҳам тайёр мекунанд. Барои ин дунбаро ба шакли чоркун­ҷа майда пора карда, ба дег меандозанд ва то сурх­ча шудани ҷаззаҳо бир­ён ме­кунанд. Баъд ҷаззаҳоро аз дег мегиранд ва шӯрборо бо тарзи дар боло зикршуда ме­пазанд. Маҳсулот барои 5–6 нафар: 600 г гӯшти гӯс­фанд, 50 г равғани рустанӣ ё 75 г дунба, 150 г бехпиёз, 125 г сабзӣ, 160 г помидори тару тоза ё 50 г қайлаи помидор, 600 г картошка, 1 бандча ка­бу­дӣ, мувофиқи табъ намаку адвиёт.

Тарзи омадакунӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Равғани поракардаи гӯсфандро каме об мекунанд. Гӯшти лӯнда-лӯнда резашударо дар равған то сурхшавӣ мебирёнанд. Баъд пиёз ва помидори поракардаро андохта, боз 7-10 дақиқа бирён мекунанд. Пеш аз рехтани об, ба дег картошка андохта, онро як-ду маротиба мегардонанд. Пас 2,5 литр об андохта, меҷӯшонанд. То ҷӯшидани об намак, як дона [[қаламфури сурх, шибит ва кашничи резашуда меандозанд. Як-ду дона себи туршро реза карда, ба дег меандозанд (таъми хӯрок беҳтар мешавад). Баъд аз ҷӯшидани об, оташро паст карда, 1 соати дигар мепазанд. Таомро ба косаҳо мекашанд. Ба 500 г гӯшти гӯсфанд ё гов 100 г равғани дунба 500 г картошка, 4 дона помидор ё 2 қошуқ хамираи помидори пухта, 3 дона пиёз, 1 дона қаламфур, 1 бандча шибиту кашнич, барги ғор ва мувофиқи табъ намак лозим аст.[1]

  1. Шӯрбоҳо. 18 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 феврали 2017.