Зиреҳии Туркистонӣ
Намуди зоҳирӣ
Зиреҳии Туркистонӣ |
|---|
Зиреҳии Туркистонӣ (форсӣ: زرهئ ترکستان; қарни XVI) — шоир, мусиқидон ва ҳунарманди форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Бухоро ба камол расидааст. Аз шуғли заргар (зиреҳгар)-ӣ касби маош мекард. Баробари илмҳои адабӣ ҳамчунин дар илми мусиқӣ моҳиру чирадаст будааст. Аз ин рӯ, тибқи сарчашмаҳо, Мутрибӣ дар назди Зиреҳии Туркистонӣ аз илми мусиқӣ сабақ гирифтааст. Зиреҳии Туркистонӣ дар анвои гуногуни назм шеър гуфтааст, аммо аз осораш намунаҳои каме то замони мо расидаанд.
Матлаъи зер аз ӯст:
Чун рухат дар арақ аз тоб майи ноб шавад,
Дурри сероб зи шарми арақат об шавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зиреҳии Туркистонӣ / У. Каримов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.