Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зироатгардон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Парвариши помидор дар шароити гармхона

Зироатгардон — кишти бо навбати сабзавот дар гарм­хона, парвардахона, гулхона ва заминҳои дигари бо­ло­пӯ­шида дар давоми сол. Зироатгардонро дар парвардахонаҳо «ча­ҳор­чӯб­гардон» ва дар гармхонаву гулхонаҳо «метр­гар­дон» низ меноманд. Зироатгардон аз чанд киштгардони зироат (якум, дуввум ва ғ.) иборат буда, пайи ҳам яке дигареро иваз мекунад. Зироатгардон барои ҳар иншоот ё гурӯҳи иншооти яксон ало­ҳи­да мураттаб мешавад. Дар сурати дар парвардахона мав­ҷуд будани рафак ва рафҳои овезон лоиҳаи зироатгардонро барои ҳар кадоми онҳо алоҳида тартиб медиҳанд. Бо ин мақсад миқдори кӯчатҳо барои кишти кушод, инчунин аз замини муайяни кишт бо хароҷоти кам тамоми сол рӯёндани ҳо­сили фаровони сабзавот ба назар гирифта мешавад. Ҳан­гоми интихоби навъи зироат дар фаслҳои сол эҳтиё­ҷоти аҳолӣ, хусусияти биологии рустанӣ, шароити мик­ро­иқ­ли­ми гармхона, парвардахона, гулхона ва самараи иқти­содии зироатро ба эътибор мегиранд.