Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зиёди Аъҷам

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зиёди Аъҷам
Навъи фаъолият шоир

Зиёди Аъҷам (форсӣ: زیاد اعجم; ? — тахминан соли 718) — шоири ара­бизабони форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодаи Исфаҳон. Дар ҷа­вонӣ ба Хуросон омада, то охири умр дар ҳамин ҷо мондааст. Сабаби бо лақаби «Аъҷам» машҳур шуданаш он будааст, ки ҳарф­ҳои арабии «ъайн» ва «сод»-ро дуруст талаффуз карда на­метавонистааст.

Ашъори Зиёди Аъҷам аз ҷиҳати рӯҳ ва мазмуну муҳ­таво дар пайравии равияву суннатҳои назми онвақтаи араб навишта шуда, бештар аз мадҳ, марсия ва ҳаҷв иборат аст. Ашъори шоир зодаи давраи му­заф­фа­риятҳои си­по­ҳи араб ва «таърихча»-и манзуми давраи истило буд. Аз ин рӯ, дар он «эроният»-и Зиёди Аъҷам ва Собити Қутнат тан­ҳо дар чанд вожаву номҳои форсӣ зоҳир шудааст. Зиёди Аъҷам ав­валин шоири хуросонист, ки ба забони ара­бӣ шеър гуфтааст. Таҳқиқи эҷодиёти ӯ барои муайян кардани замина­ҳои пайдоиш ва рушди адабиёти арабизабони форс-тоҷик муҳим аст.