Зиёд намудани сармоя
Зиёд намудани сармоя — раванди афзун гардондани сармоя.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар асри 19 Карл Маркс сармояро ҳамчун арзиши аз ҳисоби истисмори аҳли меҳнат афзуншаванда таснифу маънидод карда буд. Мувофиқи нишондоди Маркс сармоя доим дар гардиш аст ва зери таъсири ин гардиш афзоиш мекунад. Роҳҳои гуногуни зиёд намудани сармоя вуҷуд доранд, ки ду роҳи он бештар маъмул мебошад:
- андухти сармоя, ки дар давоми фаъолият сармоя зиёд шуда, боиси ба ҳаҷми пешинаи вай зам шудани ҳиссаи намоёни фоида мегардад;
- дисконт кардан, яъне сармояро бо афзоишу тағйироти бозории он ҳисоб кардан.
Ҳуҷҷатҳои зиёди молиявӣ, аз ҷумла васиқа, вомбаргҳо бо гузашти муҳлати муайян ба соҳибонашон фоида меоваранд. Нархи коғазҳои қиматдори дар захираи коргоҳу ташкилот мавҷуд низ бо иловаи фоизи солонаашон ҳаҷми сармояи воқеии ташкилоту коргоҳҳоро зиёд мекунад.
зиёд намудани сармоя низоми воқеии ҷаҳонии сармоядориву хоҷагидорӣ мебошад. Ин низом аз тарафи стандартҳои байналмилалии ҳисобдорӣ (СБҲ) низ ҷонибдорӣ шудааст. Ба зиёд намудани сармоя аз рӯи ҷараёни мавҷудаи бозорӣ ва меъёри фоида баҳо дода мешавад.
Дар замони ҳозира роҳи дигари зиёд намудани сармоя интишори саҳмияҳои наву иловагӣ мебошад, ки онҳоро дар бозори озод мефурӯшанд ва ё дар ихтиёри худи ташкилот нигоҳ медоранд. Раванди дигари зиёд намудани сармоя сармоягардонии ҳиссаи алоҳида ё тамоми фоидаи ҳосилшуда ба ҳисоб меравад. Ширкатҳои ҷудогона баъзан ҳангоми тақсимоти фоидаи давраи ҷорӣ маблағҳоро барои зиёд намудани сармоя истифода бурда, саҳмияҳои захиравиро ба саҳомон тақсим мекунанд. Дар фаъолияти ширкатҳо ҳолатҳое дучор меоянд, ки мувофиқи қарордод тамоми фоидаи ҳосилшуда барои зиёд намудани сармоя истифода ва саҳомон ба саҳмияҳои иловагӣ соҳиб мешаванд. Зиёд намудани сармоя аз ҳисоби амонатҳои мизоҷон, қарзи муассисаҳои молиявӣ ва дигар сарчашмаҳо амалӣ мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зиёд намудани сармоя / Б. Исомат // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.