Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зиёд намудани ҳадди кредит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зиёд намудани ҳадди кредит — ҳадди баландтарини қарзе, ки бонкҳо дода метавонанд. Дуруст муайян кардани ҳадди қарз асоси ташкили самараноки раванди қарздиҳӣ, баҳисобгирии имконияти бонк ва қонеъ гардонидани талаботи қарзгирандагон мебошад.

Яке аз вазифаҳои асосии ҳукумат таъмини устувории қобилияти харидории пули миллӣ ва нигоҳ доштани таваррум дар сатҳи муайян мебошад. Азбаски қарздиҳӣ яке аз роҳҳои ба муомилот баровардани пул аст, он метавонад боиси зиёдшавии пул ва пастшавии қурби он шавад. Ин дар навбати худ сабаби болоравии нархҳо мегардад. Аз ин рӯ, аз ҷониби бонки марказӣ ҳаҷми қарзи додашаванда танзим ва вобаста ба зарурати иқтисодӣ зиёд намудани ҳадди кредит муайян карда мешавад. Мас., бо мақсади роҳ надодан ба қарзди­ҳии зиёд, ки метавонад боиси болоравии нархҳо ва бе­қурб­шавии пули миллӣ гардад, солҳои 1994—2000 Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои сохтори бонкӣ ҳадди болоии қарзҳои додашавандаро муайян карда буд. Ин намуди маҳдудкунӣ шифти қарзӣ (Credit ceiling) ном дорад.

Маблағи умумии қарзҳои додашаванда ба захираҳои қарзии бонк вобаста аст, яъне бонк наметавонад аз захи­ра­ҳои доштааш қарзи зиёдтар диҳад. Инчунин, бонк бояд муҳлати қарзҳои додашударо ба муҳлати пасандозҳо му­во­фиқа кунад, вагарна сари вақт баргардондани пасан­доз­ҳо номумкин мегардад.

Мутобиқи қарори БМТ саҳомони бонки тиҷоратӣ метавонанд аз он қарз гиранд, вале маблағи он набояд аз 20 дарсади сармояи бонк зиёд бошад.

  • Раҳимзода Ш. Муомилоти пулӣ ва қарз. Д., 2008.