Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зиёии Дарвозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зиёии Дарвозӣ

Эшонҷон Зиёии Дарвозӣ (форсӣ: ضیائیِ دروازی‎; 1891, Дарвоз ‒ 1944, Афғонистон) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз зодгоҳаш баъди гирифтани маълумоти ибтидоӣ ба Бухоро сафар кард. Баъди хатми мадрасаи Бухоро ба Дарвоз баргашт. Зиёии Дарвозӣ шоири боистеъдод буд. Эҷодиёти ӯ бештар аз ғазалу мухаммас иборат аст. Ба ашъори шоирони гузашта мухаммас навиштааст.

Ин ғазал аз ӯст: {{иқтибоси академикӣ|<poem> Моҳи ман омада бо фавҷу низомаш ғалатӣ, Аскараш саф ба сафу тарзи саломаш ғалатӣ. Новакаш ғорати ҷон, лаъли лабаш марҳами он, Қоматаш сарви равон, моҳи тамомаш ғалатӣ. Шӯхи пурфитнатарроҳ, гаҳ сайёдфиреб, Донаафшонии он ҳалқаи домаш ғалатӣ. Нест дар аҳду вафо беҳтар аз он ҳеч касе, Ваъдааш нимшаб, омади шомаш ғалатӣ. Қосид овард барам дӯш паёме зи ҳабиб, Ба Зиёӣ накунад раҳму паёмаш ғалатӣ.