Зиёриён
Зиёриён | |
| Таърихи таъсис | 930 |
|---|---|
| Фарҳанг | Эрони Бузург ва Табаристон |
| Пойтахт | Исфаҳон, Гиркания, Омул ва Рай |
| Забони мавриди корбурд | мозандаронӣ, гелакӣ[d] ва форсӣ |
| Таърихи фурӯпошӣ | 1090 |
Зиёриён (форсӣ: زیاریان), Оли Зиёр (форсӣ: آل زیار) — сулолаи ҳукмрон дар марказ ва ҷанубу ғарби Эрон (928—1044), ки аз миёни Дайламиён буданд.
Ҳукумронии Сулола
[вироиш | вироиши манбаъ]Асосгузори сулола Мардовиҷ (ҳукмронӣ 932—935) писари Зиёр ибни Вардоншоҳи Гелӣ буд, ки тавассути хидматаш дар ҳайати сипоҳи волии дастнишондаи Сомониён дар Гургон — Асфор ибни Ширӯя ҳокими Занҷон таъйин гардид. Асфор баъди ишғоли Табаристон бародараш Шерзод ва Мардовиҷро ба назди ҳокими Торум — Муҳаммад ибни Мусофир фиристода, ӯро ба итоат даъват кард. Мардовиҷ баръакс бо Муҳаммад ибни Мусофир иттиҳод баста, дар назди қалъаи Аламут хоҷааш Асфорро ба қатл расонд (931). Дар аҳди Мардовиҷ Табаристон, Гургон, Ҳамадон ва Хузистон ба қаламрави Зиёриён ҳамроҳ шуда, Исфаҳон пойтахт интихоб гардид. Пирӯзиҳои Мардовиҷ дар аҳди Муқтадир Биллоҳ (929-32) Аббосиёнро водор кард, ки ҳукумати Зиёриёнро эътироф намоянд: Зиёриён солона ба хазинаи Бағдод 200 ҳазор динор хироҷ месупурданд. Дар ин давра оид ба масъалаи ҳукумати Гургону Табаристон байни Мардовиҷ ва Мокони Кокӣ ихтилоф сар зада, Сомониён бо мақсади пуштибонӣ аз Мокони Кокӣ Гургонро ишғол карданд. Тибқи аҳдномаи дуҷонибаи Мардовиҷ ва Насри II ибни Аҳмад (ҳукмронӣ 914—943) Гургон ба ихтиёри Сомониён ва Табаристон дар ҳайати қаламрави Зиёриён боқӣ монд. Дар аҳди Мардовиҷ аз миёни Дайламиён сулолаи дигар бо номи Бувайҳиён зуҳур кард, ки дар ибтидо ба номи Зиёриён хутба мехонданд. Мардовиҷ ҳангоми лашкаркашӣ ба самти Бағдод дар Исфаҳон тавассути ғуломони турки дарбораш ба қатл расида, ба ҷои ӯ бародараш Вушмгир ибни Зиёр ҳукмрон шуд. Пас аз фавти Вушмгир (967) миёни писаронаш Беҳсутун ва Қобус оид ба таъйини валиаҳд ихтилоф сар зад: Беҳсутун (ҳукмронӣ 968—977) бо дахолати Бувайҳиён соҳиби тоҷу тахт ва Қобус бо пуштибонии Сомониён ҳокими Гургон шуд.
Муборизаҳои Сулола
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 982 Қобус (ҳукмронӣ 977—982, 998—1012) дар набарди зидди Азудуддавлаи Дайламӣ шикаст хӯрда, аз ҷониби Сомониён дар Хуросон паноҳгоҳ ёфт. Ӯ соли 998 бинобар оғози даргириҳои дохилӣ дар байни Бувайҳиён ҳукумати Зиёриёнро дар Гургону Табаристон барқарор кард. Қобус то охирин лаҳза садоқати худро нисбат ба Сомониён нигоҳ дошта, ба Мунтасири Сомонӣ дар мубориза бар зидди Ғазнавиён ёрӣ дод. Соли 1012 ходимони дарбор Қобусро ба қатл расонда, писараш Манучеҳрро (1013—1032) ба тахт нишонданд. Манучеҳр тобеияти Зиёриёнро ба дарбори Ғазнавиён эътироф намуда, бо духтари Маҳмуд издивоҷ кард. Пас аз Манучеҳр писари хурдсолаш Нӯшервон (1032-44) ба тахт нишаст, вале ҳукуматро амалан тағояш Боколиҷор идора мекард. Соли 1034 Масъуди Ғазнавӣ бинобар аз итоат сарпечӣ кардани Боколиҷор ба Гургон лашкар кашида, дар қаламрави Зиёриён харобиҳои зиёд анҷом дод. Баъд аз набарди Дандонақон (23 майи 1040) Зиёриён тобеияти худро ба Салҷуқиён эътироф карданд (1042-43). Дар маъхазҳои таърихӣ аз се намояндаи дигари хонадони Зиёриён бо номҳои Чистон (писари Нӯшервон), Унсурулмаолии Кайковус ва писараш — Гелоншоҳ ёд шудааст, ки то солҳои 90 асри 11 ҳукмронӣ кардаанд. Баъзе намояндагони хонадони Зиёриён — Қобус (унвонаш Шамсулмаолӣ) ва Кайковус, ки худ намояндагони аҳли илму адаб буданд, чандин донишмандро, аз қабили Берунӣ, Ибни Сино, Абумансур Абдумалики Саолибӣ, Абубишр Фазли Ҷурҷонӣ, Абуомири Ҷурҷонӣ ва дигарон ба дарбори худ ҷалб карданд. Аз ёдгориҳои меъмории аҳди Зиёриён Гунбади Қобус боқӣ мондааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зиёриён // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.