Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зиёуссалтана

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зиёуссалтана
Таваллуд 1799
Даргузашт 1893
Навъи фаъолият шоир, хушнавис

Шоҳбегим (форсӣ: شاه‌بیگم), мулаққаб ба Зиёуссалтана (форсӣ: ضیاء السلطنه; 1799—1873[1]) — шоир, хаттот ва шоҳдухти Қоҷор, духтари Фатҳалишоҳ (ҳукмронӣ 1797—1834).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шоири соҳибзавқу хушбаён, дорои табъи нозук буд. Дар бадоҳатан гуфтани шеър ва хаттотӣ маҳорат доштааст. Ин чанд байт, ки дар радифи ғазали Тоҷуддавла гуфтааст, аз эҷодиёти ӯянд:

«Агар ба бод диҳам зулфи анбаросоро.
Ба доми хеш кашам оҳувони саҳроро».
В-агар зи лутф назар афганам ба азми рамим,
Дубора зинда кунам муъҷизаи Масеҳоро.

Баҳри ризои дӯст гузаштем мо зи ҷон,
Оре, барои дӯст зи ҷон метавон гузашт.