Зиёфат

Зиёфат, базми меҳмондорӣ — базм ба шарафи ид ё рухдоди фараҳбахш.
Зиёфат ва меҳмондории тоҷикон
[вироиш | вироиши манбаъ]Зиёфат ҳамчун ҷузви меҳмондории тоҷикон аз қадим то имрӯз маъмул буда, асосан ба хотири меҳмон ё таҷлили ҷашнҳои миллӣ (Наврӯз, Меҳргон) ва маросими суннатӣ – хатнасур, ҷашни арӯсӣ, зодрӯз барпо мешавад. Ба ин муносибат ҳатман дасторхон кушода, онро бо анвои гуногуни хӯрок оро медиҳанд. Пас аз таомхӯрӣ баъзан дар зиёфат сурудхонӣ, рақсу бозӣ ва базлагӯӣ низ баргузор мегардад. Мувофиқи маълумоте, ки дар «Ёддоштҳо»-и С. Айнӣ зикр шудааст, зиёфат байни қишрҳои мухталифи ҷомеа, махсусан ҳунармандон, роиҷ буд ва ҳар шогирде, ки ин ё он касбро пурра аз худ менамуд, маросими «камарбандон» барпо мекард. Дар зиёфати ин маросим, маъмулан, устодони он пеша ва ду-се рӯҳонӣ ширкат менамуданд. Дар гузашта агар касе ҷоиза, ҳадя (аз подшоҳон ё амалдорон), вазифа, подош, туҳфа (масалан, толибилмони мадрасаҳо) мегирифт, аз хушҳолӣ ҳатман зиёфат медод. Ҳангоми бурду бохт дар ин ё он бозӣ (масалан, дар дарёфти паёми «Барфӣ») низ зиёфат меоростанд. Зиёфатро дар манзили зист, баъзан дар тарабхона, чойхона ё меҳмонхонаҳо мегузаронанд. Ороиши дасторхони зиёфат дар ҳар минтақа мувофиқи таъйиноташ гуногун мешавад. Анъанаи зиёфат оростан ҳам дар сатҳи тадбирҳои давлатӣ ва ҳам байни мардуми тоҷик (бо риояи талаботи қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон») маъмул аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зиёфат // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.