Баҳриддин Зиёӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин)
Баҳриддин Зиёӣ
Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин
Таърихи таваллуд: 20 октябр 1975(1975-10-20) (48 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Ашт , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддиномӯзгор, ҳуқуқшинос, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин 20 октябри соли 1975 дар ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Миллат тоҷик. Соли 1997 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва соли 2002 Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро (ғоибона) хатм намудааст. Ихтисос - омӯзгор, ҳуқуқшинос.

Солҳои 1997-1998 - Котиби комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати ноҳияи Ашти вилояти Суғд Солҳои 1998-2002 - Котиби комиссияи кор бо ноболиғони Ҳукумати ноҳияи Ашти вилояти Суғд Солҳои 2002-2003 - Ҷонишини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд Солҳои 2003-2013 - Мудири шуъбаи ташкили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд Солҳои 2003-2017 - Роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд Аз майи соли 2017 то соли 2020. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд фаъолият намудааст.

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[1]

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]