Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зиқи нафас

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зиқи нафас, астмаи бронхҳо, бемории музмини узв­ҳои нафаскашӣ.

Пайдоиши зиқи нафас танг шудани бронхҳо бинобар ташаннуҷи мушакҳои шушпарда, обварами луобпардаи шуш ва аз балғами ғализ пур шудани бронхҳо мебошанд. Зиқи нафас бемории гармбодӣ (аллергӣ) бу­да, бештар дар одамони ба баъзе моддаҳои кимиёӣ ё омил­ҳои физикӣ ҳассос дучор меояд. Зиқи нафас сироятию гармбодӣ ва ғай­рисироятию гармбодӣ мешавад. Зиқи нафаси сироятию гармбо­дӣ аз таъсири бактерияҳо, вирусҳо ва микробҳо сар мезанад. Он бештар дар заминаи бемори­ҳои бардавом (бронхит, бронхоэктазҳо, газаки шуш) ё осеби ковокии бинӣ (фрон­тит, гайморит) рушд меёбад, зеро моддаҳое, ки дар мавриди илтиҳоб ба вуҷуд меоянд, хусусияти гармбодоварӣ доранд. Сабаби зиқи нафаси ғайриси­роятию гармбодӣ таъсири гармбодовари наботӣ ё ҳай­вонӣ ба ҷисми одам аст. Ба гарм­бодоварҳои ҳайвонӣ пашм, пар, пулакчаҳои моҳӣ ва ғ. ман­субанд. Баъзе ҳаша­рот (тахтакана, нонхӯрак, шаб­па­рак­ҳо ва ғ.) низ метавонанд боиси ҳассосияти барзиёди одам ба омилҳои гармбодзо шаванд. Зиқи нафасе, ки сабабгори он гарм­бодзои наботӣ гардидааст, дар фаслҳои муайяни сол (аз моҳи апрел то июл – айёми гулшукуфти рустаниҳо) ху­руҷ мекунад. Чан­ги хона, ғизои хушки моҳиҳои аквариум, хӯ­рокворӣ (тухм, харчанг, шоколад, занбӯруғ, шоҳтути за­ми­нӣ, афлесун), эҳсосоти нохуш, омилҳои иқлим ва баъзе до­руҳо низ ба пайдоиши зиқи нафас мусоидат мекунанд. Бе­мо­рӣ дар фаслҳои баҳору тирамоҳ авҷ мегирад; ҳангоми шамол ё як­бора тағйир ёфтани обу ҳаво ва афзудани рутубат аҳ­во­ли беморон бад мешавад. Ҳамзамон рутубати бисёр бои­си ху­руҷи бемориҳои сироятии музмини бронхҳо ва шуш гашта, ҷараёни зиқи нафасро вазнин мекунад. Аломати асосии зиқи нафас нафастангӣ аст, ки маъмулан, якбора ва бештар шаб (вақ­ти хоб) сар мешавад. Нафаскашӣ душвор ва нафасбарорӣ бардавом гашта, дар роҳи нафас хир-хири ҳуштакмонанд ба вуҷуд меояд. Барои осон шудани нафаскашӣ бемор маҷ­бур аст, ки рост истад ё бо даст ба канори кат такя кар­да нишинад. Баъди чанд муддат нафаскашӣ сабук, бал­ғам хо­риҷ ва шиддати беморӣ паст мегардад. Хуруҷи зиқи нафас аз чанд дақиқа то чанд соат ва ҳатто рӯзҳо идома меёбад. Дар су­рати гоҳ-гоҳ так­рор шудани беморӣ бофтаҳои шуш та­ғйир намеёбанд. Хуруҷи зуд-зуди он мумкин аст муҷиби эмфиземаи шуш ва ихтилоли фаъолияти дил гардад. Ба зиқи нафас кӯдакон низ гирифтор мешаванд. Сабаби он асосан чан­ги палос, гарди гул, пашми ҳайвонот, хӯрокворӣ, дору, бе­мо­ри­ҳои шадиди узвҳои нафас, ангина, осебҳои ҷисмо­нию ра­вонӣ, баъзан мояку­бӣ (ваксинатсия) ва тазриқи гам­ма-гло­булин мебошанд. Зиқи нафас бештар дар кӯдаконе дучор меояд, ки бо вазни зиёд, ғадуди ҷоғари калон ва ихтилоли ма­сунияти ҳуҷайравӣ ба дунё омадаанд. Хуруҷи аввалини беморӣ, маъмулан, дар 2–5-солагӣ ба назар мерасад. Қабл аз он кӯдак сусту беҳолат ё, баръакс, серҳаяҷон ва ин­ҷиқ шуда, аз ғизо рӯ метобад, ранги пӯст мепарад, гав­ҳа­раки чашм васеъ шу­да, гулӯ мехорад, сурфаи хирросӣ ба ву­ҷуд омада, оби бинӣ мешорад, вале бо вуҷуди ин ҳа­ма ро­ҳи нафас кушода аст. Чунин ҳолат 10–30 дақиқа, баъзан 1–2 шаборӯз давом мекунад. Кӯдак бетоқат шуда, худро ба ҳар тараф мепартояд, нафаскашӣ тез ва баъзан ҳарорати бадан баланд мешавад. Аломатҳои болинии зиқи нафас дар кӯ­да­кон мис­ли аломатҳои болинии зиқи нафас дар калонсолон мебошанд.

Пешгирии бемориҳои роҳи нафас

[вироиш | вироиши манбаъ]
Шуш

Муолиҷа ва пешгирии зиқи нафас аз доруҳои гуногун (қурс, аэрозолҳо, тазриқ) ва воситаҳои зидди илтиҳоб (бан­каҳои тиббӣ, хардалкоғаз, ваннаҳои гарм барои дас­ту по ва ғ.) истифода мекунанд. Мақсади табобати зиқи нафас тан­ҳо бартараф кардани нафастангӣ набуда, муайян намудани сабабҳои беморӣ низ аст. Ҳангоми маълум будани гармбодзои аллергении ғайрисироятӣ бояд тавре рафтор кард, ки он ба ҷисм роҳ наёбад (ҳатто ҷои кор ва зист­ро тағйир додан лозим аст); агар ин кор имконнопазир бошад, пас тавассути доруҳои махсус ҳассосиятро нисбат ба гарм­бо­д­о­варӣ заиф месозанд. Барои хориҷ кардани балғам сайругашт дар ҳавои тоза ё арчазорҳо, истеъмоли оби мине­ра­лӣ (масалан, Шамбарӣ, Боржомӣ) муфид аст. Варзиши ши­фоӣ ба бисёр беморон судманд (ба шарте, ки дили бемор иллати ҷиддӣ надошта бошад) буда, ҳаво гирифтани шуш­ро беҳтар месозад, бронхҳоро мекушояд, нафас бароварданро осон мегардонад. Ба варзиши шифоӣ мунтазам ва мувофиқи маслиҳати табиб машғул шудан лозим аст. Машқ­ҳои махсуси нафасгирӣ ва ҳамзамон талаффузи баъзе овоз­ҳо барои идора кардани нафаскашӣ ёрӣ мерасонанд. Аввал ҳарфҳои ҳамсадо (с, з, ш), сипас ҳарфҳои садонок (у, е, и, а)-ро талаффуз мекунанд; минбаъд яке аз ҳамсадоҳо ва яке аз садонокҳоро пайдарҳам талаффуз кардан лозим аст. Бемор бояд тавассути бинӣ нафас гирад ва дар аснои нафас баровардан шикамро ба дарун кашад. Машғу­лият­ро дар хонаи ҳавояш тоза ё рӯи ҳавлӣ мегузаронанд. Дар давраи илтиём (ремиссия ‒ муваққат ё дергоҳ хуруҷ накардани беморӣ) бо сайёҳӣ, заврақронӣ, лижатозӣ, тен­нис­бозӣ ва ғ. машғул шудан муҳим аст. Табобати зиқи нафас беш­тар дар шифохонаву осо­ишгоҳҳои иқлимашон муътадилу ҳавояшон камрутубат сурат мегирад. Хоҷаоби­гарм аз ҷумлаи чунин осоишгоҳ­ҳо буда, обу ҳаво ва омил­ҳои ши­фобахши он барои беморони зиқи нафас мусоид аст.