Злотий
Намуди зоҳирӣ
| Злотий лаҳистонӣ {{{Номи аслӣ}}} | |
|---|---|
| [[Image:{{{Акс}}}|300px|center]] | |
| ISO 4217: | {{{ISO4217}}} |
| Кишварҳо: | Лаҳистон |
| Symbol: | {{{Symbol}}} |
Злотий (лаҳистонӣ złoty – тилоӣ) — номи муқаррарии дукати тилоӣ тақр. аз асри 15; аз соли 1526 воҳиди асосии пулӣ, аз соли 1564 тангаи нуқрагии Шоҳигарии Лаҳистон ва баъдтар Речи Посполит (Федератсияи шоҳигарии Лаҳистон ва князигарии бузурги Литва, 1569–1795); аз соли 1924 пули милии Лаҳистон. Аломаташ PLZ. Нахуст злотий ба 30 грош, аз соли 1924 ба 100 грош баробар аст. Ҳоло пулҳои коғазии 10, 20, 50, 100 ва 200, инчунин тангаҳои 1, 2, 5, 20, 50-грош ва 1, 2, 3 злотий дар муомилот қарор доранд. Инчунин тангаҳои хотиравии аз 10 то 1000 злотий, ки аз филиззи қиматбаҳо сикка зада шудаанд, дар муомилотанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Злотий // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.