Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зоантария

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Намоиши буриш дар сатҳи ҳалқ. Се ҷуфт септаҳои нопурра намоёнанд — хусусияти намояндагони зергурӯҳҳои Brachycnemida.

Зоантария (Zoanthid) — ҳар яке аз 350 намуди ҷон­ва­рони бемуҳраи обӣ аз қатори зоантарияҳо (Zoan­thi­dea ва Zoantharia)-и синфи полип­ҳои марҷони (An­thozoa)-и ти­пи рӯдаковокҳо. Зоантария ба ак­ти­нияҳо шабоҳат доранд, вале нис­бат ба онҳо хурдтар бу­да, бо парда фаро гирифта шу­даанд. Дарозии зоантарияи калонтарин – Iso­zoan­thus gi­gan­teus 19 см, паҳ­ниаш то 2 см аст. Бисёр зоантарияҳо дар ис­фанҷ­ҳо ё дар ҳам­бастагӣ бо онҳо ва ҷон­ва­ро­ни дигар умр мегузаронанд. Зоантарияи Epi­zoanthus ame­ricanus дар об­ҳои назди­соҳи­лии Ам­рикои Шимолӣ дучор меояд. Вай ба гӯшмо­ҳие, ки дар он харчанги ово­рагард зиндагӣ до­рад, ме­час­пад ва онро тад­ри­ҷан таҷ­зия намуда, куллан аз худ мекунад.